

ИФТИХОРИ МО: ТАСДИҚИ УНВОНИ ИЛМИИ ДОТСЕНТИИ ДИЛРАБО КОМИЛОВА
Дар асоси фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми феврали соли 2025, таҳти №66/УИ унвони илмии дотсентӣ аз рӯйи ихтисоси “Технологияи хӯрока”-и омӯзгори калони кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрокаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Комилова Дилрабо Абдувалиевна тасдиқ гардид.