

ФОРУМИ МУТАХАСИСОНИ БЕҲТАРИН ДАР ДПДТТ!

Ба диққати донишҷӯён, хатмкунандагон, шарикон ва ҳамкорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд расонида мешавад, ки санаи 14 марти соли 2025 соати 10:00 дар Донишкада маросими оммавии тақсимоти хатмкунандагон "Мутахассисони беҳтарин (POLYTECH CAREER FEST)" баргузор мегардад.
Донишҷӯён, хатмкунандагон, шарикон ва ҳамкоронро бо камоли эҳтиром ба Форуми "Мутахассисони беҳтарин" даъват менамоем.
Суроға: шаҳри Хуҷанд,
хиёбони И. Сомонӣ 226

info@polytech.tj