Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ имрӯз, санаи 13-уми марти соли 2024 муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд Исмоил Буланов ба Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард.
Зимни ташриф мулоқоти раёсати донишкада бо меҳмон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он масъалаи таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар самти таълими ихтисосҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, Исмоил Буланов бо шароити таълимӣ, таҷҳизоти муосири озмоишгоҳҳои Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ошно гардид. Сафари мазкур ҷиҳати таҳкими робитаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва такмили барномаҳои таълимӣ дар самти саноати сабук мусбӣ арзёбӣ мегардад.