• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 50 ШИРКАТУ КОРХОНАҲО ДАР ЯРМАРКА-ФОРУМИ "ИНТИХОБИ МУТАХАССИСОНИ АРЗАНДА"
 Новости
ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 50 ШИРКАТУ КОРХОНАҲО ДАР ЯРМАРКА-ФОРУМИ "ИНТИХОБИ МУТАХАССИСОНИ АРЗАНДА"

Имрӯз, санаи 14 марти соли 2025, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими оммавии тақсимоти хатмкунандагон "Мутахассисони беҳтарин (POLYTECH CAREER FEST)" баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории маросими оммавии тақсимоти хатмкунандагон, мутахассисони беҳтарин, ба ҳукми анъана даромадааст. Ин татбири муҳим ба хотири боз ҳам қавӣ намудани робитаи донишкада бо ташкилоту корхонаҳо роҳандози гардида, барои таъмини ҷойи корӣ ба хатмкунандагон ва ҳамчунин интихоби кадрҳои болаёқат ба роҳбарони коргоҳҳо мусоидат менамояд.
Дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисони касбӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид медоранд, ки бобати фароҳам овардани ҷойи корӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Соли гузашта донишкадаро 796 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 96 фоизи хатмкунандагон сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз он ҷумла тариқи ярмакаи “Мутахассисони арзанда” зиёда аз 115 хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ шуданд.
Соли равон низ донишкадаро 691 нафар донишҷуен хатм менамоянд.
Таъкид шуд ки Роҳбарияти донишкада бо мақсади қавитар сохтани ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд.
Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки донишкада дар назди ташкилоту муассисаҳои корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”, коргоҳҳои “САТН”, “Тиниал”, “Фаровон -1” , “Осиё инвест”, “ФП Назар”, “Молия гуруҳ” “Суғдшаҳрофар-М” бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ -4” , “Асотсиатсияи АББАТ” , ҶДММ “Суғдшаҳрофар” ва ҶСП ТАҚҲ “Имон” филиалҳои кафедраҳои худ таъсис додааст.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки донишкада бо коргоҳҳои истеҳсолии «Ҷавонӣ», «Фаровон», “ФП НАЗАР” «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33» , «Файзи Расул» ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Имон Интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», Ҷаъмияти саҳомии “АРЗ -4” «Барқи тоҷик» робитаи хуби ҳамкорӣ дорем ва ин робитаи мо минбаъд низ бо дигар ташкилоту коргоҳҳо бештар хоҳад шуд.
Сипас Алиҷон Шоназаров, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъруф Алибоев, намояндаи Раёсати агнетии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд баромад намуда, баргузории Ярмарка-Форуми “Интихоби мутахасисони арзанда” дар самти ба шуғли доимӣ фаро гирифтани хамткунандагони донишкадаро фоли нек арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин тадбир баҳри иҷрои барномаву қарорҳои соҳавии Давлату Ҳукумати мамлакат муосидат хоҳад намуд. Зикр гардид, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар намудааст ва дар самти омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат ҷаҳду талош дорад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар доираи Ярмарка-Форуми “Интихоби мутахасисони арзанда” бозии интерактивӣ ташкил гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ барои ҳамкории хуб, густариши робитаҳо ба роҳбарону масъулони чанде аз корхонаву ташкилотҳои вилоят Сипосномаи Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷандтақдим карда шуд.
Шуъбаи кор бо ВАО



: 121

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены