• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 Новости
ПАЁМИ ТАБРИКӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Устодону кормандони гиромӣ!
Донишҷӯёни азиз!
Наврӯзи сабздомани имсола дар чунин айёме меҳмони азизи мост, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри бостонии Хуҷанд маркази таҷлили ин ҷашни ниёгон барои бошандагони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон маҳсуб мешавад. Дар чунин сатҳ баргузор шудани ҷашни Наврӯз бори дигар аз иди фархундаю пуршараф ва бостонии қавмҳои ориёӣ будани он далолат медиҳад.
Воқеан бузургию маҳбубӣ ва умри тӯлонию бегазанди Наврӯзро Пешвои миллат бо муҳаббат ва эҳтироми зиёд таъкид карда буданд: «Ин ҷашни бостонӣ рамзи офариниши ҳаёт ва эҳёи табиат буда, барои мо – тоҷикон азизу муқаддас ва бисёр гиромӣ мебошад. Зеро сарнавишт, фарҳанг ва оинҳои ориёии мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои Наврӯзӣ ва густариши онҳо пайванди қавӣ доранд».
Яке аз суннатҳои наврӯзӣ таблиғи дустиву ваҳдат ва ҳусни ҳамсоядорӣ аст, ки ин оинро кишвари мо дар сатҳи баланд риоя менамояд.
Наврӯз дар радифи ҳама маросимҳои миллӣ ба рамзи рӯзи нав, нахустқадами фархундаи фасли гулшукуфти сол – баҳори нозанин, баробарии шабу рӯз ва ниҳоят оғози соли нави ниёгон тӯли садсолаҳо орзую ормонҳоро рангин месозад, ба дилҳо аз барори сол умед мебахшад ва ниятҳоро пок мекунад, ризқу рӯзии мардумро бо донаи умеди марди деҳқон фаровон мегардонад.
Ин ҷашни шукуҳмандро ҷомеаи меҳнатии донишкада бо дастовардҳои илмиву эҷодӣ пешвоз мегиранд. Ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат дар ҳошияи эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» алҳол вазъи сифати озмоишгоҳҳо бо шумули вусъатёбии маркази омӯзиши зеҳнӣ беҳтар гардида, фаъолияти парки технологӣ қавитар ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Сол аз сол сафи омӯзгороне, ки рисолаи номзадиро ҳимоя мекунанд, афзуда истодааст.
Алҳол пешорӯи мо баланд бардоштани сифати таҳсил, қабули муваффақонаи довталабон, густариши робитаҳои хориҷӣ, ҳамкории судманд бо ташкилоту муассисаҳо меистад, ки боварӣ дорам мо дар якҷоягӣ ин нақшаҳои созандаро иҷро менамоем.
Инак соли нави тоҷикон, Наврӯзи навбаҳорон бо хушиҳову нишоти бепоён ба остони ҳар сокини кишвари азиз қадам ранҷа менамояд.
Ин ҷашни басо зебою қадимаи ниёгон бо қудуми хуҷастааш ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб меоварад. Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои нек ва бахосияти худ боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад. Ниёгони сарбаланди мо Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ ва тантанаи бузург истиқбол намуда, беҳтарин орзую умед ва таманниёти хешро ба он вобаста мекарданд, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ нақшаҳо тарҳрезӣ менамуданд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш аз номи роҳбарияти донишкада ҳамаи Шумо – устодон, кормандон ва шогирдони азизро бо фарорасии иди бостонию ҳамешаҷавони Наврӯз аз таҳти дил муборакбод мегӯям.
Дар чунин фасли накӯву зебо таманнои онро дорам, ки баҳори сабзу тар ва меҳрпарвар ба корҳои Шумо авҷу барор ва ба хонадонатон сарсабзиву сарбаландиҳо оварад, дастархонатон пур аз нозу неъмат бошад ва Шумо ҳамеша мисли баҳори нозанин хурраму сарсабз бошед!
НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ МУБОРАК!
Бо эҳтиром,
Директори ДП ДТТХ Шаҳриёр Саъдуллозода


: 163

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены