Таҳти чунин унвон имрӯз, санаи 8-уми апрели соли 2025 дар доираи фаъолияти Маркази илмии рушди сармояи инсонии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои донишкада дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, баҳри амалишавии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани солҳои 2025-20230 - “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” роҳандозӣ гардид.
Дар семинари мазкур маърузаи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон, д.и.и., профессор Саидаҳрор Ғуломов дар мавзӯи “Рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат тавассути баланд бардоштани сифати таълим” шунида шуда, доир ба аҳамият ва мавқеи иқтисоди рақамӣ ва хусусиятҳои он, омил ва моделҳои таълим ва тарбия, ки ба омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ мусоидат мекунанд, андешаронӣ намуд. Пешниҳод карда шуд, ки барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ бояд таълими солим, инфрасохтори муосир ва дастрас, инфиродикунонии раванди таълим вобаста ба қобилияти донишҷӯ зарур мебошад.
Дар фарҷоми семинар миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.