Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-уми январи соли 2025 таҳти № АП- 709 доир ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии он баргузор шуд.
Бояд қайд намуд, ки ба даври донишкадавии озмун ғолибони даври факултетивӣ роҳхат гирифта буданд.
Дар даври донишкадавии озмун 34 нафар довталабон фаъолона иштирок намуда, доир ба асарҳои мутолианамудаашон маълумот дода, ба саволҳои ҳайати ҳакамот посух дода, беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳ ёфтанд.
Ҳамин тавр, байни донишҷӯён аз руйи номинаи “Адабиёти ҷаҳон” Хушнуда Левандовская, Ҷаҳонгир Сангинов ва М. Ишонов мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Дар номинаи “Адабиёти классикии тоҷик” Ҷанобиддин Атаев, Маҳлиёхон Ҳошимова ва Шаҳодатхон Нуруллозода ғолибият ба даст оварданд. Устодони донишкада Исматулло Норов ва Моҳира Болтубоева, ки дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” бо ҳам рақобат намуданд, ҷойҳои ифтихориро касб карда, ба даври шаҳрии озмун роҳхат ба даст оварданд.
Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муаттара Раҳматова ба ҳамаи иштирокчиён дар самти илму дониш пешравию комёбӣ таманно намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Зикр шуд, ки Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрантҳо, аспирантон, докторантон ва устодону кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Шуъбаи кор бо ВАО