Субҳи имрӯз дар тамоми биноҳо ва раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон баҳри ободию шукуфоӣ, тозагию назофат ва сабзу хуррамгардонии муҳити таълим ва тозаю озода намудани роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷӯйборҳои гирду атрофи донишкада ва баровардани партовҳо шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуда, дар он ҳаммаи иштирокчиён саҳми арзанда гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки кормандону донишҷӯёни донишкада бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохил ва гирду атрофи донишкада, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани донишкада бо роҳандозии меҳнати софдилона нақши дастони худро гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки Раёсат ва аҳли кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш. Хуҷанд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободкориву созандагӣ ва ба ин васила дар зебову хуррамгардонии ҳар гушаи диёри биҳиштосои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста мегузоранд. Ин аст, ки ҳамарӯза дар донишкада дар баробари корҳои самти тадрису илм корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хуррамгардониву зебонамоӣ тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона ҷараён мегиранд.
Тибқи нақшаи корҳои созандагию ободкории раёсати Донишкада, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ минбаъд низ бо ҷалби устодону кормандон ва донишҷӯён дар Донишкада рӯзи шанбеи ҳар ҳафта ҳашарҳои умумӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Шуъбаи кор бо ВАО