Санаи 12 апрели соли 2025 дар Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташрифи намояндаи Latvian IT Cluster (Латвия) Лиене Лейкума-Римичане сурат гирифт.
Зимни ташрифи меҳмон бо роҳбарият ва масъулони бахши ИТ технологияҳои донишкада мулоқот ороста шуд, ки дар рафти он имкониятҳои ҳамкории эҳтимолии Latvian IT Cluster (Латвия) бо донишакадаи политехникӣ дар доираи лоиҳаи Team Europe on Connectivity for Central Asia таҳти Global Gateway дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия, аз ҷумла истифодаи технологияҳои моҳвораӣ барои ҳалли мушкилоти маҳаллӣ ва рушди инноватсияҳои рақамӣ муҳокима гардиданд.