• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМАДҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
 Новости
ПАЁМАДҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИСТЕҲСОЛ ВА КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории ҳамоишҳои илмӣ, ҷиҳати ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо имрӯз, санаи 12-уми апрели соли 2025 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ: аз илм то амал» доир гардид.
Мақсади конференсия табодули таҷриба, шиносоӣ бо натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотии олимон дар ин соҳа, пешниҳоди тавсияҳо доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда иборат буда, дар кори конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, мутахассисон аз идораву ташкилот, донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Институти боғу токпарвари ва сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд, МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров», Донишгоҳи ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода кори конференсияро ифтитоҳ бахшида, иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, таъсири он ба бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар, хусусан ба соҳаи кишоварзӣ хеле калон мебошад. Тағйирёбии иқлим дар навбати худ ба мушкилоти баландшавии ҳарорат, норасоии об, офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои ғайричашмдошти мавсимӣ оварда мерасонад, ки ба истеҳсолот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мушкилоти мазкур олимон ва мутахассисони соҳаро водор месозад, ки барои рушди устувори кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Сипас, дар рафти конференсия дар мавзуҳои “Ҳолати ҳозира ва рушди устувор дар КАС вилояти Суғд”, “Рушди комплекси агросаноатӣ дар шароити тағйирёбии иқлим вобаста ба минтақа”, “Табиати пиряхҳои Тоҷикистон ва дурнамои маҳдуднамоии раванди коҳишёбии онҳо”, “Таъсири тағйирёбии иқлим ба кишоварзӣ ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он” ва “Истифодаи технологияҳои каммасраф ва устувори обёрӣ дар парвариши зироатҳо” аз ҷониби иштирокдорони конференсия маърузаҳои илмӣ муаррифӣ карда шуданд.
Ҳамин тариқ, конференсия дар сатҳи баланди илмиву назариявӣ баргузор гардида, аз ҷониби олимон ҷиҳати мутобиқгардонии соҳаи кишоварзӣ ба гармшавии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, такмил додани технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, пешгирии обшавии пиряхҳо тавсияҳои гуногун пешниҳод гардид.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 229

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 20.10.2025
ҚОНУНИ АСОСИИ ВАТАН, ҲИКМАТИ ХАЛҚ АСТ
ҚОНУНИ АСОСИИ ВАТАН, ҲИКМАТИ ХАЛҚ АСТ
  • 19.10.2025
Ҳашарҳои дастҷамъона дар донишкада
Ҳашарҳои дастҷамъона дар донишкада

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены