Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳфили навбатии "Забон донӣ - ҷаҳон донӣ" баргузор гардид, ки ба 147 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд .
Роҳбари маҳфил, номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темирова онро оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки мавзуъи маҳфили навбатӣ бо ҳаёт ва фаъолияти нависанда, шоир, муҳаққиқ Устод Садриддин Айнӣ маълумот ироа мегардад.
Роҳбари маҳфил дар маърузаи худ "Нобиғаи аср" маълумотҳои зиёд оварда, доир ба мазмуну моҳияти асарҳои маъруфи Устод Садриддин Айнӣ “Ятим”, “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, Одина ва ғайраҳо ба донишҷӯён маълумот дода, таъкид намуд, китобҳои номбурда нисбат ба ватан, таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, хештанпарварӣ, муқаддас доштани хоки ватан, меҳру муҳаббат, одаму одамгарӣ, доштани ҳуввияти миллӣ, меҳнатдӯстӣ нигошта шудааст, ки боиси баланд гардидани маънавиёт ва нисбат ба китоб муҳаббат пайдо гардидани онҳо гардидааст.
Донишҷён дар ҷараёни маҳфил доир ба дигар асарҳои бадеӣ, илмӣ ва публитсистии Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Устод Садриддин Айнӣ маълумот доданд.
Шуъбаи кор бо ВАО