• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ: ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИЯ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ
 Новости
МУЛОҚОТ: ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИЯ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба соддир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мусоидат менамояд, мулоқот баргузор шуд.
Нахуст пешниҳоди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба соддир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мусоидат менамояд ба самъи кормандон расонида шуд.
Нозири калони шӯъбаи муқовимат ба коррупсия, капитани адлия Беҳруз Сайфулло доир ба моҳияти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" маърӯза намуд.
Қайд гардид, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо коррупсияро муайян карда ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ равона шудааст. Он механизмҳои пешгирӣ, ошкор кардан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони алоқамандро муқаррар мекунад.
Декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, узви Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди МИҲД вилояти Суғд Шуҳрат Кенҷаев доир ба пешгирии коррупсия ва мубориза алайҳи он баромад намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки устодон яке аз субектҳои асосии таъсиркунанда ба коррупсия мебошанд. Дар ин раванд, ду намуди субектро мушоҳида намудан мумкин аст: дахолаткунанда ва иштироккунанда. Субъектҳои дахолаткунанда ва иштироккунанда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" ба шахсоне дахл доранд, ки дар раванди пешгирӣ, ошкор кардан ва мубориза бо коррупсия иштирок мекунанд ё ба он таъсир мерасонанд.
Таъкид шуд, ки баргузории ҷаласаи мазкур барои боло бурдани маърифати зидди коррупсионӣ дар донишкада мусоидат менамояд ва донишҷӯён бори дигар дарк карданд, ки коррупсия дар қатори дигар омилҳои номатлуб барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва пешгирии он вазифаи тамоми қишри мамлакат мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар донишкада нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 ба тавсиб расидааст, мавҷуд буда, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои донишкадавӣ таҳия ва тибқи он корбарӣ карда мешавад.
Ҳамзамон мувофиқи барномаи таълимии кории фанҳои факултативӣ барои донишҷӯёни курсҳои 1-4 дар соати тарбиявӣ мавзӯи “Коррупсия-мафҳум, моҳият ва заминаҳои аксуламал” мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта шудааст.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 12

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены