

ИФТИХОРИ МО: УСТОДОНИ ДОНИШКАДА БА ИФТИХОРНОМАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ШАРАФЁБ ГАРДИДАНД
Санаи 3-юми сентябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, Ифтихорнома, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорида шуд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 34-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки о бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои беҳтар гардидани шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои гуногун тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад.
Дар арафаи Рўзи Истиқлоли кишварамон баргузор шудани чорабинии тантанавии супоридани Ифтихорнома хеле рамзист, зеро ин қадршиносӣ барои онҳоест, ки дар пешравии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят сарбаландона ва садоқатмандона хизмат намудаанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ нерўи зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат равона менамоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба гурӯҳи калони намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, бонкдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки 3 нафар устодони донишкада: Охунбобо Раҳимов, дотсенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика, Светлана Саидова, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ ва Анвариддин Муҳиддинов профессори Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Муборак бошад!
Шуъбаи кор бо ВАО