

ИСТИҚЛОЛ-САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА НЕРӮИ ҶАВОНОН | ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, фаъолон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлол – сарчашмаи худшиносии миллӣ ва нерӯи ҷавонон” баргузор гардид.
Дар чорабинии бошукуҳ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Оятулло Аҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода, собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа Абдусаттор ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии 34-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфт ва зикр намуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият ба мактаби худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон табдил ёфтааст.
Сипас, бо сухани табрикотӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода баромад намуда, Истиқлолиятро рукни асосии давлатдорӣ арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии ҷомеа бояд ҳамеша дар сафи пеши корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва таҳкими ваҳдат бошанд.
Раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" Оятулло Аҳмадзода низ бо суханони пурмазмун ҳозиринро табрик намуда, нақши ҷавононро дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ аз фаъолони ташкилот даъват ба амал овард, ки ҳамчун пайравони Пешвои миллат барои рушду пешрафти кишвар содиқона меҳнат намоянд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода низ баромад намуда, Истиқлолиятро бузургтарин неъмати таърихӣ донист ва нақши ҷавононро дар амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Баъдан, ба сухан Қосимӣ Муҳаммад Карим – сарбози қисми низомии 35-01 –и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид. Ӯ дар баромади худ оид ба шароити хизмати ҳарбӣ ҳарф зада, ҷавононро ба хизмати Ватан ҳамчун мактаби мардонагӣ ва далерӣ даъват намуд.
Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъол сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо тантана супорида шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ намоиши дастовардҳои ҷавонон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонон бо он аз наздик ошно гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш барои болидахотирии иштирокчиён бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барномаи консертии идона омода намуда, санъаткорон бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва рақсу бозиҳои ҷавонон барномаи хотирмонро пешниҳоди иштирокчиён гардониданд.
Шуъбаи кор бо ВАО