

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД
Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Маркази инноватсионии Донишгоҳи кишоварзии Кракови Ҷумҳурии Лаҳистон барномаи мубодилаи академии аз рӯйи барномаи технологияи хоҷагии интеллектуалӣ ва системаҳои идоракунии сифат роҳандозӣ шудааст, ки дар доираи он айни ҳол 16 нафар донишҷӯён бо роҳбарии 1 нафар докторанти донишкада дар донишгоҳи мазкур таълим гирифта, таҷрибаи муосирро омӯхта истодаанд.
Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки донишҷӯён донишу малакаҳои худро дар соҳаи идоракунии инноватсионӣ, устувории истеҳсолот ва стандартҳои муосири сифат дар соҳаи кишоварзӣ такмил диҳанд.
Иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои лексионӣ ва семинарҳои илмии устодони Донишгоҳи кишоварзии Краков ба онҳо шароит фароҳам меоварад, ки бо таҷрибаи муосири кишоварзии Аврупо шинос шаванд. Ҳамзамон, донишҷӯён аз ташриф ба озмоишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ баҳра бурда, бо таҷҳизоти навтарин ва усулҳои инноватсионии идоракунии сифат аз наздик ошно гардиданд.
Ин гуна барномаҳои ҳамкорӣ на танҳо сатҳи дониш ва малакаи иштирокчиёнро боло мебаранд, балки барои рушди муносибатҳои байналмилалии донишкада низ саҳми арзанда мегузоранд.
Шуъбаи кор бо ВАО