• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БЕҲТАРИН ВА БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
 СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БЕҲТАРИН ВА БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БЕҲТАРИН ВА БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем. Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.
Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басе сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.
Истиқлолияти давлатӣ падидаи сиёсӣ дар таърихи навини халқи тоҷик маҳсуб шуда, оғози эҳёи нави ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодӣ ба шумор меравад. Иҷлосияи дувуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990, новобаста аз вазъияти пурпечутоби сиёсӣ, фалаҷшавии ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Эъломияи Истиқлолият санади муҳим, тақдирсоз ва нахустин ҳуҷҷат дар масири истиқлолияти комили давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо раъйи вакилони халқ расмият пайдо намуд.
Ба ҳуҷҷати расмии давлатӣ истилоҳоти таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, демократия, низоми бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ ва амсоли инҳо ворид шуд ва он дар баробари эътирофи авлавияти эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик, анъанаву суннатҳои таърихии он баробарҳуқуқии тамоми миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ ва рушди озоди миллию фарҳангии онро кафолат дод.
Инак, 34 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян ва бо муваффақият амалӣ намуда, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорад.
Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, мамлакати мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ рамзҳои муқаддаси давлат- Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуданд.
Бо гузашти айём бо итминони комил гуфтан ҷоиз аст, ки Конститутсияи мо, ки ҳамчун шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид, барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардид. Он дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад.
Маҳз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парламенти мустақил ва парламентаризми воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Зеро ба шарофати ислоҳоти сиёсӣ аввалин бор дар таърихи давлатдории мо унсури асосӣ, яъне таҷзияи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи Конститутсия эътироф гардид. Ҳамзамон дар ин давраи таърихӣ Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, асъори миллӣ ба муомилот баромад.
Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол- ин расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Маҳз таҳти роҳбарию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаю ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд. Инчунин барои пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Ҷамшед Масаидов,
сардори бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ
ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 30

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 12.09.2025
СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БЕҲТАРИН ВА БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БЕҲТАРИН ВА БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
  • 12.09.2025
ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД
ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены