• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
 ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН
ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

Устодон ва омӯзгорони муҳтарам!
Ҳамаи шумо ва кулли кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон самимона табрик мегӯям.
Омӯзгорон дар ҳама давру замонҳо ҳамчун неруи тавоно ва қувваи пешбарандаи ҷомеа эътироф мешаванд.
Таҷлили Рӯзи омӯзгорон далели равшани эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми кишвар ба аҳли таълиму тарбия ва равшангарони роҳи фардои ҷомеа мебошад.
Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои илму маориф ва кормандони ин соҳаи муҳим, пеш аз ҳама, омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд.
Зеро мо хуб дарк мекунем, ки пешрафти ҳамаи соҳаҳои давлати соҳибистиқлоламон ва фардои дурахшони халқамон аз соҳаи маориф вобастагии бевосита дорад.
Ман зимни мулоқоту суханрониҳоям борҳо эътиқоду эҳтиромамро нисбат ба омӯзгорон ва аҳли маориф изҳор доштаам.
Гуфтаам ва боз мегӯям, ки омӯзгорон ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошанд.
Онҳо донишу заковат ва гармии калби худро бедареғ ба шогирдон мебахшанд ва хешро аз ин хушбахт мешуморанд.
Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар ниҳоди насли наврас - насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро дар оянда бояд ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорад, маҳз ба омӯзгорон вобаста мебошад.
Барои расидан ба ин поя устодону омӯзгорони мо бояд масъулиятшиносу сахтгир бошанд ва ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Бовар дорам, ки устодону омӯзгорони мо минбаъд низ барои тарбияи шоистаи наслҳои наврас ва пешрафти боз ҳам бештари Ватани азизамон ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Бори дигар шумо - омӯзгорони шарафманди кишвари сиҳибистиқлоламонро ба ифтихори ҷашни касбиатон самимона табрик мегӯям.
Орзу дорам, ки ҳамеша саодати рӯзгор насибатон бошад ва дар ҷодаи тарбияи насли созандаву бунёдкор ва ватандӯсту ватанпараст комёбу муваффақ бошед.
Рӯзи омӯзгорон муборак бод!


: 86

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.10.2025
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
  • 13.10.2025
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены