• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шоми 5 октябр ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қалъаи Хуҷанд чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо арзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки нишонаи ҳастии миллат ва рукни муҳими давлатдорӣ мебошад, ба сокинони сарбаланди вилоят табрик намуд.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, инъикоси олами маънавӣ, худшиносию худогоҳӣ ва муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ нақши бузург ва сазовор гузоштааст. Сокинони кишвари азизамон аз он ифтихорманданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандона ва маънавиятбунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо дода, паёми миллати тоҷикро бо забони ширину шево ба оламиён расонидааст.
Бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши забон илова карда шуд, ки «Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст».
Воқеан, забони тоҷикӣ забони маърифат ва ҳикмат буда, тавассути он мутафаккирону олимон, шоирону донишмандоне чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва садҳо чеҳраи дигари маъруфи илму адаб осори ҷовидона офаридаанд, ки ганҷинаи маънавии башарият ба шумор мераванд.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи пайваста амалӣ намудани Сиёсати давлатии забон, таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ, ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ҷомеаи навин устувор гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг ва ситораҳои мусиқӣ, инчунин гуруҳи машҳури операсароёни Италия барномаи рангини консертӣ манзур гардид.

Шуъбаи кор бо ВАО


: 73

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.10.2025
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
  • 13.10.2025
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены