- 23.10.2025
ТАКМИЛ: ЗАН-РОҲБАР, ИМИҶИ ЗАН-РОҲБАР

Бобозода Билол-донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар ш. Хуҷанд мебошад. Ӯ дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок дорад.
- Ин барнома ба кормандони тиб имкон медиҳад, то дақиқ беморонро ташхис намуда, бемориашонро аниқ кунанд. Яъне, ин барнома сифати ташхисро беҳтар месозад. Барнома зиёда аз даҳ ҳазор бемориҳо, аз қабили антология, диабет, дилу рагҳои хунгард, майнаи сарро аниқ мекунад. Мо пеш аз коркарди барнома дар сатҳи байналмилалӣ тадқиқот гузаронидем, ки дурустии ташхиси духтурон 85 дарсад буда, дурустии ташхиси зеҳни сунъӣ 95 дарсадро ташкил мекунад. Мақсади мо ин аст, ки барои духтурон ёрдамчии интеллектуалӣ созем, ки барои ташхиси хуб ёрӣ расонад. Ҳашт моҳ мешавад, ки ин барнома дар панҷ беморхонаи шаҳри Хуҷанд мавриди амал қарор дорад ва ният дорем, онро дар тамоми беморхонаҳои кишвар роҳандозӣ намоем. Шаш моҳ пеш дар Форуми байналмилалии “Стартап Азия”, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, мо бо барномаи худ иштирок кардем, дар он ҷо аз тамоми давлатҳои Осиё иштирокчиён буданд ва барномаи мо дар қатори 100-гонаи беҳтарин дохил шуд. Дар он ҷо кормандони соҳаи тиб буданд, бо мо дар алоқа шуданд, то барномаро дар он давлатҳо роҳандозӣ намоем ва мо иқдом дорем, ки аввал дар Тоҷикистон амалӣ намуда, пас ба он ҷо барем,-мегӯяд Бобозода.