РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲАРГУНА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ
Дар замони муосир, амният ва суботи ҷомеа ба таври зарурӣ ба пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм вобастагӣ дорад. Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа ба ҳисоб рафта, имконият доранд, ки дар рушд ва шукуфоии ҷомеа нақши созанда дошта бошанд. Аммо, баъзан гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони ноогоҳро ба тарафдорӣ ё иштирок дар фаъолиятҳои худ ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ ва иҷтимоии кишварамон ба шумор меравад.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз ин падидаи номатлуб таълими дуруст ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки “Ҳеҷгоҳ бар ватани худ хиёнат накунед”. Пас ҷавонон ин суханҳоро аз гушаи хаёлашон ҳеҷ гоҳ дур насозанд ва ҳамеша дар фикри пешрафти ҷомеа ва ҳисси баланди ватандорӣ бошанд. Дониш ва фаҳмиши баланди ҷавонон дар бораи оқибатҳои манфии терроризм ва экстремизм барои онҳо воситаи муҳими худҳимоявӣ ба ҳисоб меравад. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои гузаронидани дарсҳои кураторӣ барои ҳар як бахшҳои ихтисосҳо барномаи таълимии соатҳои тарбиявӣ омода карда шудааст, ки муҳтавои мавзӯҳо ҷанбаҳои муқобилият ба терроризм, ахлоқӣ ва арзишҳои инсониро дарбар мегиранд. Кураторон дар дарсҳои кураторӣ муҳтавои мавзӯ ва вобаста ба ҳолати сиёсии кишвар ба донишҷӯён фаҳмонида медиҳанд, ки ин раванд як миқдор донишҳои сиёсии ҷавононро нисбат ба ҳолатҳои кунуни ҷаҳон ва хатари таъсиротҳои сомонаҳои иҷтимоиро пурзӯр менамояд.
Дигар роҳи муҳими пешгирӣ, ин фаъолиятҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ мебошанд. Ҷавонон бояд имконият дошта бошанд, ки вақти худро дар муҳити солим ва созанда сарф кунанд. Иштирок дар варзиш, санъат, лоиҳаҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои илмию инноватсионӣ на танҳо малакаю маҳорати онҳоро беҳтар мекунад, балки онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ дур нигоҳ медорад. Вобасата ба ин самт дар Донишкада мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд, ки донишҷӯён бевосита иштирок намуда Донишкадаро муаррифӣ намуда, ба худ ҳаёти солимро эҳсос мекунанд, инчунин дар санъат кафедраи меъморӣ саҳми худро доранд, ки байни донишҷӯён озмуни беҳтарин лоиҳакаш ташкил карда шуда, аз ҷониби мутахассисон ва омӯзгорон баҳогузорӣ карда мешаванд ва ғолибон қадрдони мегарданд.
Ҳамчунин, нақши ташкилотҳои давлатӣ дар пешгирӣ аз терроризм муҳим аст. Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимои рӯйхати ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротие, ки амалашон дар Тоҷикистон манъ аст, нашр гардидааст, ки ин барои шинохти ҷавононро ба ҳархел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб беҳтар мегардонад ва ҷавонон огоҳ гардида, ҳаёти худро дар зери хатар намегузоранд. Илова бар ин, ҳамкорӣ бо оилаҳо ва ҷомеаи маҳаллӣ барои муайян кардани аломатҳои эҳтимолии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ нақши муҳим дорад.
Яке аз усусли муосир, ин таблиғоти иттилоотӣ ва рақамӣ мебошад. Ҷавонон аксар вақт тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо иттилоотҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ то рафт қаллобон зиёд гардиданд, ки масъалаи фаҳмонидани мақсадҳои қаллобон ба ҷавонон муҳим мебошад.
Дар охир, бояд гуфт, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ кори якҷояи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар таълими ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ асосан нақши омӯзгорон муҳим мебошад, инчунин оилаҳо бояд дар таълим ва раванди ахлоқии фарзандони худ саҳмгузор бошанд, то ки ҷомеи имрӯзаи кишварамонро аз таъсиротҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳимоя намоем. Ин чораҳо натанҳо амнияти миллиро таъмин мекунанд, балки ба рушди солимии ҷавонон ва пешрафти устувори ҷомеа низ мусоидат менамояд.
Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТХ