• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    КОРРУПСИЯ ОМИЛИ АСОСИИ МОНЕАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
 КОРРУПСИЯ ОМИЛИ АСОСИИ МОНЕАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
КОРРУПСИЯ ОМИЛИ АСОСИИ МОНЕАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

Нақши сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ басо назаррас аст, зеро фасодкорӣ дар раванди фаъолият яке аз омилҳои асосии монеаи рушди устувори иқтисодӣ кишвар ва пешравии тафаккури ҷомеаи муосир мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир миллати тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз даврони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мубориза бурдан бо ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ҷораҳои зарурӣ андешида, ба хотири муқовимат бо он тамоми мардумро тарғибу ташвиқ менамуданд, ки бояд дастҷамъона бар зидди фасоду ришва мубориза баранд. Қайд кардан зарур аст, ки масъалаи марбут ба коррупсия ҳанӯз аз солҳои 90 -ум мавриди таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифта буд ва он имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат дар ҳамаи баромаду суханрониҳои худ аз тамоми мардум даъват ба амал меоранд, ки бояд ҳар як шаҳрванд худогоҳу зирраку ҳушёр бошад аз ҳаққу ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ огоҳ бошад ва худро дар ҳама ҳолат ҳимоя карда тавонад. Зеро дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Албатта ифтихори ҳар кадоми мо шаҳрвандони миллати тоҷик аст, ки имрӯз дар фазои ободу озоди даврони соҳибистиқлолӣ зиндагонии хушу хурраму обод ва ҳаёти осуда дорем. Дар ҳамин асно мо, мардумони сарбаланди тоҷикро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии худ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ дар пайравии ақидаҳои созандаи сарвари давлат амалҳои шоиста намуда, барои барҳам додани қувваҳои фасодкор дар ҷомеа мубориза барем.
Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар раванди ҳаёт, фаъолият, зиндагӣ бадбахтии бузург ин бетарафӣ аст, зеро натиҷаи ҳамаи нокомиҳо аз бетарафиву бетафовутии мардум сар мезанад, ба ҳамин хотир бар зидди фасодкорону ришвахӯрон мубориза бурдан бояд тамоми чораву тадбирҳоро андешида бошем, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои коррупсионӣ кӯшиш намоем, то он паси парда намонад, баракс пеши роҳи ин амалҳоро гирифта, дар пешрафти ҷомеаи шаҳрванди ва рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон саҳми сазовори хешро гузошта бошем.
Давлати тоҷикону тоҷикистониён поянда хоҳад буд бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияту ваҳдат ва сулҳу дӯсту устувору ҷовидон хоҳад монд бо ташаббусҳои беназири роҳбари ватандӯсту ваҳдатшиори тоҷикони ҷаҳон. Аминам, ки агар тамоми мардум тибқи ҳидоятҳои оқилонаву дурбинонаи Сарвари давлат амал намоянд, Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба ҳадафҳои стратегии худ мушарраф мегардад ва самти иқтисодии кишвар дар ҳоли рушд қарор хоҳад гирифт.
Маърифат Мавлонова,
корманди ДПДТТХ


: 14

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 29.10.2025
КОРРУПСИЯ ОМИЛИ АСОСИИ МОНЕАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
КОРРУПСИЯ ОМИЛИ АСОСИИ МОНЕАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
  • 29.10.2025
ОМӮЗИШ: РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ – ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДОНИШКАДА
ОМӮЗИШ: РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ – ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДОНИШКАДА

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены