• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
 САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Агар авроқи таърихро варақгардон созем, пеши назар муҷассамаи неки инсонӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падид меояд. Ин фарзанди фарзонаи тоҷик аз овардани сулҳ ба Ватан то ифтитоҳи чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун зинаҳои басо сангинро бо машаққати тамом паси сар намуда, моро ба имрӯзу фардои босаодат раҳнамун сохтанд.
Дар симои Пешвои миллат таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд, инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ карда, дар қалбу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзанд.
Имрӯз ҳар як шахси ватандӯст он рӯзҳои пуртаҳлукаи ибтидои солҳои навадуми қарни гузаштаро бо дарду таассуф пеши назар меорад: алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, бародаркушӣ, парокандагӣ, муҳоҷирию гурезагӣ, вайронию ноободиҳо, сӯхтор, ғоратгариҳо, дуди туфанг, нолаи модарону кӯдакон…
Ҳокимияти давлатӣ таҳти фишору зӯроварии қувваҳои мухолиф қарор гирифта, амалан аз фаъолият бозмонда буд. Ҳамқавм бо ҳамқавму ҳамватан бо ҳамватан даст ба гиребон буданд. Тоҷикистон сарзамини паҳну парешон, гирифтори набардҳои хунуни дохилӣ ва валангор гашт.
Вазъи пойтахти Ватан—шаҳри Душанбе ноором буд. Бозору кӯчаҳо холӣ, роҳзанӣ, ғорат, дуздӣ авҷ мегирифт. Ягон тарабхона, театрҳо, боғҳои истироҳат фаъолият намекарданд. Таълим дар аксари муассисаҳои таълимӣ қатъ гашта буд. Зуҳури ноумедӣ қалбҳоро ба шӯр меовард. Кишвари Тоҷикистон, фардои миллати он дар хатар буд.
Мардуми тамаддунофари мо иштибоҳи худро ислоҳ кард, ба хулоса омад, ки танҳо Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад инсонро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад ва садо баланд кард аз Сулҳу Ваҳдат.
Фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама мушкилӣ нигоҳ накарда, ба мавзеъҳои ноороми кишвар сафарҳои корӣ анҷом медоданд ва гурӯҳҳои хашмиву саркашро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва гирифтани дасти ҳам даъват менамуданд.
«Ман ба шумо сулҳ меорам!», «То як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд!», «Дар ин роҳ ё мемирам, ё ба пирӯзӣ даст меёбам!». Ин суханони сарвари ҷавони мамлакат аз минбари толори Иҷлосияи таърихӣ дар Қасри Арбоб ҳангоми савгандёдкуниашон он айём умеди хурду калонро ба ҳаёти осоишта афзун намуд.
Ҳамин мароми шикастнопазири Пешвои миллат имкон ба бор овард, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Руссия ба имзо расид. Аз он айём ҳамасола ин санаи муборак чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори ҳар як шаҳрванди тоҷик аст. Маҳз заҳмати шабонарӯзии он кас буд, ки имрӯз мо дар Ватани тинҷу осоишта зиндагӣ дорем.
Давлату ҳукумат дар назди мо вазифаҳои зиёде гузоштааст. Ин ҳам бошад, таълиму тарбияи насли ояндасоз, ба онҳо тарғиби ҳаёти шоиставу бардошти илму маърифат аст. Нафаре ба қадри ин озодӣ ва ободӣ мерасад, ки бешак, дарки заҳмати сарвари сулҳофар намояд. Сарваре, ки даҳҳо тири адӯро пушти пой заданд, ба хотири тинҷии мамлакат талош варзиданд ва ин ҳаёти осударо ба халқашон ҳадя бинмуданд. Хизматҳои Пешвои муаззами миллат воқеан, боиси арҷ гузоштан ва дар таҳкими пояҳои Ваҳдату Истиқлоли давлатӣ қадам ниҳодани мо, аҳли маорифи кишвар мебошад.
Гулрухсор Умарова,
устоди ДПДТТХ ба номи академик
Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 5

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 17.11.2025
МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
  • 17.11.2025
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены