• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро
Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро

Сардор: Юсупова Муҳаббатҷон Шокировна

 

Маълумот барои тамос:

Почтаи электронӣ: info@polytech.tj

Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 226, бинои асосӣ, утоқи 103

Сомона: -

 

Аз таърихи Раёсат

Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро аз моҳи октябри соли 2024 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Дастурамали  намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Низимномаи Донишкада ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, инчунин Низомномаи Раёсат фаъолият менамояд.

Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро аз моҳи сентябри соли 2010 то январи соли 2018 ҳамчун шуъбаи кадрҳо ва азнавтайёркунӣ фаъолият намуда, бо тағйироти сохтори Донишкада аз соли 2018 то моҳи сентябри соли 2024 ба шуъбаи кадрҳо номгузорӣ карда шудааст.

Сохтори штатии раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро аз сардори Раёсат, мудири шуъбаи коргузорӣ ва танзими муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сармутахассис, мутахассис, котиб – коргузор, хаткашон, сардори бахши бойгонӣ, сардори бахши таъминоти ҳуқуқӣ, сардори бахши ҳифзи меҳнат ва мудофиаи шаҳрвандӣ иборат аст. Аз соли таъсисёбӣ то моҳи апрели соли 2024 роҳбарии шуъбаи кадрҳоро Ёқубова Маҳбуба Алиевна ба ӯҳда доштанд.

Фаъолияти асосии Раёсат:

·      раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро маркази идораи кадрии Донишкада буда, мақсади ниҳоии он фаъолияти муваффақиятноки мақоми мазкур, баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон мебошад;

·      интихоби касбӣ, мутобиқгардонӣ ва муайян намудани коршоямии касбии кормандон;

·      риояи меъёрҳои қонунгузории меҳнат, гузаронидани машваратҳо бо ҳайати шахсӣ оид ба ин масъалаҳо;

·      ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, баҳисобгирии ҳайати шахсӣ, пешбурди кори ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва ҳисоботи кадрӣ;

·      банақшагирӣ, таҳия ва татбиқи низоми дархостҳои кормандон ва чораҳои инкишофи иҷтимоӣ.

 

 

 

 Кормандони асосӣ

Сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати иҷро – Юсупова Маҳаббатҷон Шокировна, маълумот – олӣ, соли 2003 филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтисоси молия ва қарзро хатм кардааст.

Вазифаҳои сардор:

·     баҳисобгирии кадрҳо ва тартиб додани ҳуҷҷатгузории кадрӣ;

·     кори ташкил ва тайёр намудани захираҳои кадрҳои Донишкада;

·     ҳуҷҷатгузорӣ дар бахши қабул ба кор, гузаронидан ба кори дигар ва ё озод намудани кормандон;

·     саривақт гузаронидани аттестатсияи кормандон;

·     ҳайати кадрҳоро мунтазам таҳлил менамояд ва маълумоти дахлдорро ба Раёсати Донишкада оид ба вазъи кор бо кадрҳо пешниҳод менамояд;

·     назоратро аз болои интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат анҷом медиҳад;

·     сардори Раёсат ба директори Донишкада итоат намуда, супоришҳои додашуда саривақт иҷро менамояд, (на камтар аз ду маротиба дар як сол) оид ба вазъи кори раёсат ба Шурои олимон ҳисобот пешниҳод менамояд ва тибқи тартиби муқарраршуда барои кор бо кадрҳо дорои ҷавобгарии шахсӣ мебошад;

·     дар вақти рухсатии меҳнатӣ қарор доштани сардори Раёсат мудири шуъбаи коргузорӣ ва танзими муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифаи онро иҷро менамояд;

·     ташкил ва пешбурди парвандаҳои шахсии кормандонро доир ба ворид намудани тағйирот вобаста ба фаъолияти меҳнатиашон анҷом медиҳад;

·     дуруст тартиб додан ва ҳифзи маълумоти баҳисобгирии парвандаи шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатиро таъмин намояд;

·     ҳисобот ва таҳлили мунтазами корро аз рўи сафарҳои хизматӣ ва ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандон пеш мебарад; 

·     назорати омода намудан ва супоридани маводҳоро ба бойгонӣ таъмин менамояд;

·      дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ– идоракунӣ, илмӣ,    омўзгорӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасонӣ, таълимӣ ва хоҷагидорӣ ёрӣ мерасонад;

·     расонидани кумак ба сохторҳои Донишкада баҳри мустаҳкам намудани интизоми меҳнатӣ ва риояи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

·     додани шаҳодатномаҳои шахсӣ ва маълумотномаҳо ба кормандони Донишкада;

·     омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ;

·     лоиҳаҳои фармоишҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои мансуб ба масъалаи кадрҳоро дар Донишкада таҳия менамояд;

·     назорати иҷрои коргузориҳо дар сохторҳои Донишкада;

·     бақайдгирӣ, қабул, ҷойивазкунӣ ва аз кор рафтани кормандони тамоми сохторҳои муассиса, инчунин омода сохтани ҳуҷҷатҳои лозимии кормандон барои тасдиқи вазифаҳо;

·     омода сохтани парвандаҳои шахсӣ барои кормандони илмӣ – омўзгорӣ, дигар сохторҳои Донишкада ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;

·     бурдани ҳисоби инфиродӣ ва омории кормандони тамоми сохторҳои Донишкада мувофиқи шакли муқарраргардида; 

·     тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд;

·     ҷорӣ намудани дафтарчаҳои меҳнатӣ ва ҳисоби онҳо;

·     тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касаба.

 

Мудири шуъбаи коргузорӣ ва танзими муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ  –  Низомитдинова Фарзона Бурхоновна, маълумот олӣ, соли 2013 ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ - дарҷаи бакалавр, соли 2022- ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо – дараҷаи магистрро хатм кардааст.

 

Вазифаҳои мудири шуъба:

·оид ба рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои шурои олимон, қарорҳои маҷлиси назоратии назди директор ва дастуру фармоишҳои директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки ба зиммаи шуъба гузошта шудааст, назорат бурда, аз натиҷаи иҷрои онҳо ба сардори раёсат ва ба директори Донишкада маълумот омода менамояд;

·фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи принсипи волоияти қонун дар соҳаи маориф амалӣ менамояд;

·қабул, коркарди саривақтии дипломҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро омода намуда, барои ба тасвиб расонидан ба раёсати Донишкада ирсол менамояд;

·ҳисоботи омории меҳнати моҳона, семоҳа, солона  ва сабти он ба сайти office.stat.tj-ро иҷро менамояд;

·ҳуҷҷатгузории шуъба ва табели баҳисобгирии вақти кориро назорат менамояд;

·қайди тағйиротҳои кадрӣ дар дафтарчаи меҳнатии кормандон ва  варақаҳои шахсии ФТ-2-ро назорат менамояд;

· табели баҳисобгирии истифодаи вақти кории кормандони Донишкадаро тафтиш намуда ба муҳосибот месупорад;

· парвандаи шахсии кормандон ва омӯзгорони Донишкадаро тафтиш менамояд;

· масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба шуъба вобаста мебошад иҷро менамояд;

· баррасӣ, таҳрир ва барои имзо пешниҳод намудани диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии шуъба ба директори Донишкада барои имзо пешниҳод менамояд;

·ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони солҳои қаблӣ (оид ба ивази насаб, вайрон ва гум шудани диплом, ноаён будани муҳр дар диплом ва дигар сабабҳо) омода менамояд;

·додани маълумотномаҳо оид ба хатм ба хатмкунандагонро назорат намояд;

·санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи аз эътибор соқит намудани дипломҳои (вайроншуда, ивази ном ва насаб, ноаён будани муҳр ва аз тарафи шахси масъул дар вақти навиштан ба хатогӣ роҳ додан), пешниҳод намудан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳосиботи Донишкада тайёр ва пешниҳод намояд;

·аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда (ваколатнома) гирифтани ҳуҷчати намунаи давлатӣ диплом оид ба хатм ва назорати қатъӣ бурдан аз болои онҳо;

·назорати қатъӣ бурдан ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани китобҳои додани дипломҳои ба хатмкунандагон;

·назорат ва баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани нусха (дубликат)– и дипломҳо;

·таҳияи лоиҳаи фармоишҳо дар бораи додани нусха (дубликат) – дипломҳо ва ба имзо пешниҳод намудани онҳо;

·  аз болои дархостҳо ва мактубҳои воридшуда бурдани назорати доимӣ, таҳияи ҷавоб ва аз назорат баровардани онҳо;

· дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштани дипломҳои дар бахш маҳфузбуда;

· нигоҳ доштани фармоишҳои ҳарсолаи директори Донишкада;

· мактубу аризаҳо ва дархостҳои воридшударо сари вақт баррасӣ намуда, дар муҳлати муайяншуда ба муаллифон ҷавоб омода намудан;

·ҷавоб навиштан ба ҳамаи дархостҳо ва назорат бурдан аз болои онҳо;

·иҷрои мунтазами супоришҳои сардори раёсат ва директори Донишкадаро таъмин менамояд.

 

Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва танзими муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ  – Додохоҷаева Моҳира Насимовна - маълумот олӣ, соли 2010 ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси тарҳрезии маснуоти дӯзандагиро хатм кардааст.

Вазифаҳои сармутахассис:

·     супоришҳои аз тарафи сардори Раёсат ва мудири шуъба додашударо мувофиқи дастурамали вазифавии худ саривақт иҷро мекунад;

·     анҷом додани масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба шуъба вобаста мебошад;

·     расонидани кӯмак ҳангоми баррасӣ, таҳрир ва барои имзо пешниҳод намудани диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии шуъба ба директори Донишкада барои имзо;

·     расонидани кӯмак ҳангоми тайёр намудан ва супоридани ҳисобот дар бораи дипломҳои ба хатмкунандагон додашуда.

·     сари вақт ба анҷом расонидани бандубасти ҳуҷҷатҳои даврӣ, ки дар шуъба гирд оварда шудааст;

·      назорати қатъӣ бурдан ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани (китобҳои додани дипломҳои ба хатмкунандагон) парвандаҳои шахсии кормандон ва омӯзгорон;

·     назорат ва баррасии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани нусха (дубликат)– и дипломҳо;

·     дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштани дипломҳои дар бахш маҳфузбуда;

·     мактубу аризаҳо ва дархостҳои воридшударо сари вақт баррасӣ намуда, дар муҳлати муайяншуда ба муаллифон ҷавоб омода менамояд;

·     ба қайд гирифтани аризаҳои ба бахши дипломҳо воридшуда;

·     ҷавоб навиштан ба ҳамаи дархостҳо ва назорат бурдан аз болои онҳо.

 

Мутахассисони шуъбаи коргузорӣ ва танзими муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ:

 1.Искандарова Мунираҷон Ғайбуллоевна - маълумот олӣ, соли 2011 ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси тарҳрезии маснуоти дӯзандагиро хатм кардааст.

2.Бобоева Фарзона Шеравгановна  - маълумот олӣ, соли 2014 Донишгоҳи двлатии тиҷорати Тоҷикистон, ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит хатм кардааст.

 

Вазифаҳои мутахассис:

·     анҷон додани масъалаҳои мубрами рӯз, ки ба шуъба вобаста мебошад;

·     расонидани кӯмак ҳангоми баррасӣ, таҳрир ва барои имзо пешниҳод намудани диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии шуъба ба директори Донишкада барои имзо;

·     сари вақт ба анҷом расонидани бандубасти ҳуҷҷатҳои даврӣ, ки дар шуъба гирд оварда шудааст;

·     дар ҳолати хуби санитарию гигиенӣ нигоҳ доштани дипломҳои дар бахш маҳфузбуда;

·     нигоҳ доштани фармоишҳои ҳарсолаи директори Донишкада;

·     мактубу аризаҳои воридшударо сари вақт баррасӣ намуда, дар муҳлати муайяншуда ба муаллифон ҷавоб омода намудан;

·     ба қайд гирифтани аризаҳои ба бахши дипломҳо воридшуда;

·     ҷавоб навиштан ба ҳамаи дархостҳо ва назорат бурдан аз болои онҳо;

·     омода намудани ҳуҷҷатҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани бланкаи диплом оид ба хатм.

 

Котиб – коргузорони шуъбаи коргузорӣ ва танзими муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ:

1.  Ишонова Сарвархон Сафиюллоевна – маълумот - олӣ, соли 1998 Филиали дар Хуҷанд будаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтсоси иқтисодиёт ва идора дар корхонаро хатм кардааст;

2.  Алиева Муҳиба Абдуллоевна – маълумот –олӣ, соли 2014  ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ, дараҷаи бакалавр, соли 2021 ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ихтисоси биология, дараҷаи магистрро хатм кардааст;

3.  Ҷумаев Исроилҷон Расулҷонович -  маълумот – олӣ,  соли 2025 ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ.

Вазифаҳои котиб – коргузор:

Коргузори раёсат дар доираи уҳдадориҳои худ:

·                        бо якҷоягии кормандони Раёсат мувофиқи феҳрасти ҳуҷҷатҳои Раёсат корбарӣ менамояд;

·                        ҳангоми қабул, коркарди саривақтии дипломҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро омода намудан ба кормандони Раёсат кӯмак мерасонад; 

·                        иҷрои мунтазами супоришҳои сардори Раёсат ва мудири шуъбаро таъмин намояд;

·                        супоришҳои аз тарафи сардори шуъба ва Раёсат додашударо мувофиқи дастурамали вазифавии худ саривақт иҷро мекунад;

·                        омода намудани ҳуҷҷатҳо мувофиқи феҳрасти ҳуҷҷатгузорӣ дар Раёсат;

·                        ба тартиб овардани ҳуҷҷатгузории шуъба тибқи феҳраст;

·                        пур кардани табели баҳисобгирии истифодаи вақти корӣ;  

·                        ба танзим даровардан парвандаи шахсии кормандони ва омӯзгорон.

 

Сардори бахши бойгонӣ – Ҳоҷаева Нодира Абдуқаҳоровна, маълумот – олӣ, соли 1993 Иститути ордени Нишони Фахридори давлатии педагогии Хуҷанд ба номи С.М.Киров, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷикро хатм кардааст.

Вазифаҳои сардори бойгонӣ:

·                        қабули шаҳрвандон, хатмкунандагон ва хориҷшудагон бо масъалаҳои гуногун;

·                        қабули дафтарчаи имтиҳоноти донишҷӯёни хориҷ ва интиқол;

·                        қабули дафтари қайди давомоти донишҷӯён;

·                        тартиб додани санад оид ба соқити корҳои хаттии донишҷӯёне, ки мӯҳлати нигоҳдориашон ба итмом расидааст;

·                        додани иқтибос аз фармоишҳо (тибқи дархост).

 

Сардори бахши ҳифзи меҳнат ва мудофиаи шаҳрвандӣ – Ҳофизов Ҳофиз, маълумот-олӣ, соли 1988, Мактаби олии Комсомолӣ дар шаҳри Москва, ихтисоси таърихро хатм кардааст.

Вазифаҳои сардори бахши  ҳифзи меҳнат ва мудофиаи шаҳрвандӣ:

·     мутобиқи санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳавӣ: баррасии масъалаҳо ва андешидаи чораҳои аввалиндараҷа доир ба омодагии мудофиаи шаҳрвандии ДПДТТХ ба таъмини мутобиқгардонии ҳудудӣ корхона ба бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории кормандон дар ҷараёни меҳнат;

·таҳлили хавф: омӯзиш ва арзёбӣ дар муайян намудани хатари офатҳо ва таҳдидҳои ба шароити коргоҳ хос, амалисозии тариқи идоракунӣ, созмони фарҳанги муқобилистӣ ба хавфҳои эҳтимолии дар муҳити корхона имконпазир;

·омодасозӣ: омодасозии унсурҳои зиндагинигаҳдории ҳудуд, иқтисодиёт ва коргарон ба пешгирии хавф ва амалҳои бартарафсозӣ ҳангоми офат, инчунин устувории фаъолияти иншооти иқтисодӣ дар ҳолатҳои фавқулода;

·                        таълим ва омӯзиш: ташкил намудан ва омӯзононидани гуруҳҳои таълимӣ (аз ҳисоби кормандони штатӣ) доир ба омӯзиш дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва роҳандозии мудофиаи шаҳрвандӣ ба офатҳо ва таҳдидҳо. Шиносонидани кормандон оид ба  қоидаҳои бехатарию тариқҳои муқобилистӣ ба хавфу хатарҳо ва усулҳои муҳофизат. Воситаҳои ҳифз аз хатарҳоеро, ки ҳангоми сар задан ва рафти амалиётҳои ҷангӣ ба вуқуъ меоянд, омӯзанд. Андешидани чораҳои масъулиятнокии кормандон дар риояи қоидаҳои бехатарӣ;

·масъулият: амалисозии муносибати стратегӣ - интегратсионӣ (амалҳои якҷоя) дар самти пешгирӣ (ҳангоми набудани офат, то рух задани ҳолати фавқулода) ва рафъи  ҳолатҳои фавкулода (амалҳо ҳангом ва баъди офат);

·фаъолияти ташкилӣ: Ташкил намудани мақомоти мудофиаи гражданӣ, нерӯҳои худмуҳофизатии ҳудудӣ, андешидани чораҳои таъминот бо таҷҳизот ва воситаҳои муҳофизатӣ ва наҷотдиҳӣ;

·мониторинг: назорат ва арзёбии мунтазами ҳолати бехатарии ҳудудӣ Донишкада ва муҳити корӣ кормандон. Ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо дар ҳалли масъалаҳои соҳаи мудофиаи гражданӣ ёрӣ расонанд.


: 687

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
  • 04.12.2025
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены