- 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
|
Мудир/Сардор: омӯзгори
калон, Қаюмова Сурайё Абдуазимовна |
Маълумот барои
тамос:
Почтаи электронӣ: suraida@mail.ru
Суроға: ш.Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ 226, Бинои А, 201
Сомона: (+992-92-752-65-05)
Аз таърихи бахш
Бахши курсҳои
тайёрии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик
М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз соли таъсисёбии Донишкада, яъне соли 2010
инҷониб бо иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти
худро ба пеш мебарад.
Яке аз самти асосии бахши курсҳои тайёрӣ
ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ба довталабон
барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии олӣ вобаста аз имтиҳонҳои
марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
рӯи ҳамаи кластерҳо ва инчунин самти
дигари бахш ташкили курсҳои
кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавонон
ва калонсолон ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ, забони русӣ, забони олмонӣ, васлу
насб ва таъмири таҷҳизоти электрикӣ, тарҳрезӣ ва дӯзандагӣ, хизматрасонии
техникии нақлиёти автомобилӣ, технологияи информатсионӣ, технологияҳои
истеҳсоли хӯроки омма, технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо, муҳосиби компютерӣ ва
асосҳои лоиҳакашии компютерӣ мебошад.
Бахши курсҳои тайёрӣ дар зертобеияти маркази
рушди касбият қарор дорад. Дар бахш сардори бахш ва мутахассис тартиби ташкил,
гузаронидан ва назорати рафти дарсҳо баҳри омода намудани довталабонро ба
имтиҳонҳои маразонидашудаи Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шунавандагонро ба
курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишиӣ омода менамоянд.
Фаъолияти асосии бахш
Ҳадафи асосии бахши курсҳои тайёрӣ, ин
омода намудани довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои
таҳсилоти олии касбии кишвар ва қабули шунавандагон ба курсҳои кӯтоҳмуддати
омӯзишӣ мебошад. Ба курси тайёрӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, инчунин
хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда мешаванд.
Вазифаи асосии бахш
банақшагирӣ, ташкил, таъмини методии ҷараёни таълим ва таъмини дарс бо
омӯзгорони баландихтисосу пуртаҷриба мебошад. Барои гузаронидани дарсу
машғулиятҳо дар бахши курсҳои тайёрӣ ғайр аз омӯзгорони баландихтисоси
донишкада боз омӯзгорони пуртарҷиба аз фанҳои физика, химия, забони тоҷикӣ,
биология ва географияи мактабҳои шаҳру вилояти Суғд даъват карда мешаванд.
Таҳлили солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки баъд аз хатми курсҳои тайёрӣ, савияи
дониши довталабон нисбатан баландтар шуда истодааст. Баҳодиҳии асосии сифати
кори бахши курсҳои тайёрӣ – ин бомуваффақият супоридани имтиҳони Маркази миллии
тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дохил шудани довталабон ба
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Таълим дар бахши курсҳои тайёрӣ аз рӯйи
шакли рӯзона ва вобаста ба хоҳиш ва сатҳи забондонии шунаванда бо забонҳои
тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда, довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои
таълимии олии кишвар ва берун аз он тайёр карда мешаванд.
Кормандони бахши курсҳои тайёрӣ баҳри
зиёд намудани теъдоди довталабон ва инчунин барои мустаҳкам ва беҳтар намудани
дониши онҳо кӯшиш ба харҷ бурда истодаанд.
Кормандони асосӣ
·
Сардор - бе унвон, омӯзгори калон, Қаюмова Сурайё Абдуазимовна
Сардори бахши курсҳои тайёрӣ барои ба танзимдарории ҳуҷҷатҳои бахш, омода намудани мактубҳо ва
маълумотномаҳо, таҳия намудани нақшаи кории бахш, ирсоли маълумотномаҳо ба
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва омода намудани ҳисоботи
солонаи бахш, иҷрои супоришҳои директор масъул мебошад.
Сардори бахши курсҳои тайёрӣ ба мудири шуъбаи рушди
касбият, муовини директор оид ба
таълим ва директори донишкада тобеъ мебошад.
·
Мутахассис – бе унвон, Бойматова Манижахон Шукруллоевна
Мутахассиси бахши курсҳои тайёрӣ машғулиятҳоро аз
рӯйи нақшаву барномаҳои тасдиқшудаи таълимӣ ташкил мекунад, ҷараёни таълимро
таъмин ва мунтазам назорат менамояд, барои шунавандагони курсҳои тайёрӣ ва
курсҳои кӯтоҳмуддат ҳуҷҷатҳои лозимаро таҳия ва омода менамояд. Мутахассиси бахш
бевосита ба сардори бахш тобеъ мебошад.
Маълумоти иловагӣ
Дар курсҳои тайёрӣ аз рӯйи фанҳои
муқарраргашта, омӯзгорони соҳибтаҷриба мутобиқи барномаҳои корӣ ба шунавандагон
дарс меомӯзонанд.
Кормандони бахши курсҳои тайёрӣ кӯшиш ба
харҷ менамоянд, ки омӯзгорони беҳтарини Донишкада ва муассисаҳои таълимии
вилояти Суғдро ҷалб намуда, довталабонро баҳри бомуваффақият супоридани
имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар ва берун аз он тайёр менамояд.