• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
 МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН

Ҳаёти ҳар як оила ва дар навбати дигар ҳаёти ҷомеа бидуни ҳастии зан рангоранг набувад. Зеро зан, дар оила модар, барои мард ҳамсар ва дар коргоҳу корханаҳо коргар аст. Дарки ҳолати равонии занон ҷумлае аз  нишони инсонгароист. Дар зиндагӣ бар дӯши зан амалҳое вогузор карда шудааст, ки баъзан қудрати иҷрои онро ҳатто мардҳо надоранд. Маҳз ба ҳамин хотир арзиши воло доштани мақоми занонро дар оила ва дар ҷомеа, ки мо ҳамарӯза онро дарк мекунем, вазифаи мост, ки барои боз ҳам баланд бардоштани эҳтироми онҳо кӯшиш кунем. Зери хушунату хиёнат қарор додани занону духтарон ҳеҷ гоҳ оини мардону ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон набуд ва ҳеҷ гоҳ чунин нахоҳад буд. Нисбат ба ҳастии зан ҳамчун шахси муътабар эҳтиром гузаштан маҳз дар замони муосир хеле зарур аст, зеро агар насли имрӯзро маҳз занону модарон тарбияву таълими замони навро надиҳанд, мо дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии мардумони тоҷик муваффақ нахоҳем гардид. Пас чаро дар бархе ҳолатҳо мо бо вазъияте рӯ ба рӯ мешавем, ки нисбат ба ин ҷинси латиф хушунат ва ноҳурматӣ зоҳир мешавад? Дар мафкураи мардумони мо ақидае то кунун вуҷуд дорад, ки зан бояд дур аз ҷамъияту берун аз фаъолияти илмӣ бошад. Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба саводноккунии занону духтарон таваҷҷӯҳи махсуси давлату Ҳукумат зоҳир мегардад. Дар ҳамин радиф бояд тамоми мардум дар пайравии ақидаҳои хирадмандонаи сарвари давлат нисбат ба фаъолияти занону духтарон дар соҳаҳои гуногун бетараф набошанд. Баръакс барои дастгиру мададгори онҳо будан талош намоянд.

Дар ҳаёти ҳаррӯзаамон борҳо бо вазъияти хушунат ва ба бадбахтӣ рӯ ба рӯ кардани занону духтарон аз ҷониби падар, шавҳар ё  бародарон ва ё ҷомеа вомеӯрем. Аммо иддае аз мардуми мо нисбат ба чунин ҳолат чашм мупӯшанду ва бетарафӣ мекунанд. Дар ҳаёт аз ҳама бадбахтии бузург ин бетарафӣ аст,  мо бояд ҳамеша бар зидди нофаҳмиҳо нисбат ба фаъолияти кориву илмии занону духтарон ва  хушунати беасос нисбати онҳоро барои ҳамеша маҳкум намоем, зеро саҳми босазо гузоштан дар пешравии ҷомеа, ки асоси онро фаъолияти самараноки занони фаъол, модарони тарбиятгар ва духтарони донишандӯз ташкил медиҳанд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Нодида ангоштани ҳолати хушунат нисбат ба зан  маънои онро дорад, ки мо теша  бар решаи миллати худ мезанем.  Дар замони муосир, ки падидаҳои гуногуну номатлуб зуҳур пайдо мекунад, агар занону модарон, омӯзгорону фаъолон ҷавононро тарбияи хештаншиносӣ надиҳанд, ҷавонони мо, ки қувваи асосии пешбарандаи халқ мебошанд, тӯъмаи асосии бадхоҳону кӯрдилон мегарданд. Аз ҳамин лиҳоз арзи занон ҳам дар ҳаёти оилавӣ ва ҳам дар ҷомеа мақоми ногусастанӣ доранд. Бинобар ин ҳамеша поси хотир аз ҳастии модари бузург, хоҳари меҳрубон, ҳамсари нексиришт ва духтари бовафо вазифаи ҷоноҷони ҷомеа аст.


Муаттар Раҳматова

Маърифат Мавлонова

устодони ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 12

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
  • 04.12.2025
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены