- 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
Мудир: Мирзоева Меҳрубону Умаровна
Маълумот барои тамос:
Почтаи электронӣ: bonu.6664@mail.ru
Аз таърихи шуъба:
Фаъолияти шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот
ва назорати электронии Донишкада дар асоси Барномаи идоракунии сифати таҳсилот
дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори
мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 04.12.2020, №1/2 тасдиқ шудааст, Консепсияи миллии арзёбии сифати
таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, ки бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “29” апрели соли 2024 таҳти
№ 240 тасдиқ
шудааст, Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 аз
санаи “28” феврали 2025, санадҳои
вазорат ва донишкада, нақшаи кории шуъба ба роҳ монда шудааст.
Вазифаи аввалиндараҷаи макотиби олӣ дар ташаккули савияи донишу
маърифатнокии донишҷӯён ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.
Омодагии ҳамаҷонибаи омӯзгорон ба дарсу машғулиятҳо, таъмин будани омӯзгор ва
донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ-методӣ, назорати мунтазами азхудкунии донишҳо -
омилҳои асосии арзёбии сифати таҳсилот ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ (минбаъд ШМСТ
ва НЭ) воҳиди сохтории алоҳидаи ДП ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ буда,
фаъолияти он танзими таъминоти фанҳои таълимӣ бо маводҳои таълимӣ-методӣ,
назорат ва баҳодиҳии сатҳу сифати таълими донишҷӯён мебошад.
Фаъолияти асосии шуъба:
ШМСТ ва НЭ дар асоси Оинномаи донишкада, қарорҳои Шурои олимони донишкада, фармоишҳои
директор ва низомномаи шуъба фаъолият мебарад.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот фаъолияти ШМСТ ва НЭ дар самтҳои зерин ба роҳ
монда шудааст:
- муқоиса ва санҷиши сифати коркарди барномаҳои таълимии корӣ (силлабусҳо)
бо барномаҳои таълимии намунавӣ ва матни лексияи устодон барои соли таҳсил;
- санҷиши вазъи таҳияи васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ,
аёниятҳо аз тарафи омӯзгорон таъминоти
раванди дарсҳои омӯзгорон ва донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ-методӣ;
-такмили машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва омӯзиши сифати супоришҳо барои
корҳои мустақилона;
- мунтазам ширкат кардан дар машғулиятҳои дарсии омӯзгорон бо мақсади
таҳлили сифати таҳсилот ва тақвият додани ташрифоварии омӯзгорони ҷавон;
- ташкили семинарҳо бо
мақсади такмили машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва корҳои мустақилона
вобаста ба таҳия, таҳлил ва ҷамъбасти сифати маводҳои таълимӣ методӣ;
- таҳия
ва пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаҳои мониторинг, назорат ва баҳодиҳӣ ба
сифати таҳсилот ба
раёсати донишкада.
- ба
роҳ мондани қабули омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба масъалаҳои баланд бардоштани
сифати таҳсилот.
Кормандони
шуъба:
Мудири шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ:
Мирзоева
М.У.
Вазифаҳои асосии мудири шуъба: назорати сатҳу сифати
раванди таълим; гузаронидани санҷиш оид ба таъминоти раванди таълим бо маводҳои
таълимӣ-методӣ; баҳогузорӣ ба сифати машғулиятҳо; назорати иҷроиши қисми
дуюми сарбории омўзгорон оид ба корҳои таълимӣ-методӣ; таҳлил кардани натиҷаи
санҷиши сифати таълим ва тартиб додани ҳисобот.
Сармутахасиси шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот
ва назорати электронӣ:
Рахмонқулова Э. С.
Вазифаи сармутахассиси шуъба: назорати
мавҷудияти барномаҳои таълимии корӣ (силлабус) ва матни лексияҳо дар намуди чопӣ ; муқоисаи
мавзуҳои барномаҳои таълимии корӣ (силлабус) бо
мавзуҳои матни лексияҳо, мавҷудияти китобҳои
дарсӣ ва дигар маводҳои таълимӣ-методӣ барои машғулиятҳо; барои нашр омода намудани
рӯйхати китобҳои дарсии аз тарафи омӯзгорони донишкада таҳиякардашуда; тартиб
додан ва пешниҳод намудани руйхати китобҳои дарсие, ки кафедраҳо барои харидорӣ ниёз доранд.
Маълумоти иловагӣ (агар бошад)
Низомномаи шуъбаи
мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар асоси Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 15.03.2016, №1346, Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз
муассисаи олии таълимӣ» аз 23.07.2016, №1350, Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2044, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “29”
апрели соли 2024 таҳти № 240 тасдиқ шудааст, Стратегияи
миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли
2044 аз санаи “28” феврали 2025, Стандарти давлатии таҳсилоти олии
касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022,
№562), «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии
касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30.12.2016, №19/24, таҳрири соли 2018) «Низомномаи аттестатсияи
хатм» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
29.08.2015, №21/3), Оинномаи ДПДТТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.