КОНФРОНС: “ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКА ВА САНОАТ”
Санаи 20.12.2025 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи IV-уми ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Технологияҳои муосир дар электроэнергетика ва саноат“ бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2025-2030 - “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва Рӯзи энергетикҳо баргузор гашт.
Дар кори конференсия олимон, роҳбарон ва мутахассисони ташкилотҳои соҳаи энергетикаи вилояти Суғд, аз ҷумла Раёсати назорати давлатии энергетикаи минтақаи Суғд, НБО Қайроққум, ширкати “ТГЭМ”, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон, “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон, ҶДММ “Зерновая компания”, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Усмонҷон Ахмедов ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни конференсияро ба донишкада хайра мақдам намуд. Мавсуф қайд намуд, ки соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ эътироф гашта, ҳамчун муҳаррики рушди иқтисоди кишвар хизмат мекунад. Маҳз бо ҳамин сабаб бо ташаббус ва иқдоми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - таъмини истиқлоляти энергетикии кишвар - ҳамчун ҳадафи якуми рушди стратегӣ қабул шудааст. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 16 декабри соли 2025 Пешвои муаззами миллат дастовардҳои соҳаи энергетикаро қайд намуда, доир ба мушкилоти мавҷудаи соҳа ва роҳҳои ҳалли он дастур ва вазифагузорӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки “Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шудааст.
Зикр шуд, ки бо баробари ин дастовардҳо барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ зарурати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, бартараф намудани талафоти он, пурра ҷорӣ намудани низоми муосири биллингӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ вазифагузорӣ намуданд. Мавсуф қайд намуд, ки конференсияи мазкур ба ҳалли ин муаммоҳои соҳаи энергетика мусоидат хоҳад кард.
Дар конференсия н.и.т., дотсент, и.в. профессори кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Охунбобо Раҳимов, н.и.ф-м., дотсент, мудири кафедраи электроникаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Зариф Юсупов., сардори хадамоти истеҳсолӣ-техникии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон Обиддин Ваҳҳобов бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Охунбобо Раҳимов н.и.т., дотсент, и.в.профессори кафедраи таъминоти барқ ва автоматика дар мавзуи “Энергосарфа дар саноат ва рӯзғор: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” баромад намуда, доир ба ҳалли муаммои сарфаи қувваи барқ ва роҳҳои паст намудани талафоти он суханронӣ намуданд ва иштирокчиёни конференсияро бо натиҷаи корҳои илмии дар ин самт иҷрошудаи кафедра шинос намуд. Дар охир ҷиҳати таъмини сарфаи қувваи барқ ва паст намудани талафоти он дар корхонаҳои саноатӣ ва рӯзгор тавсияҳо пешниҳод кард.
Дар баромади худ н.и.ф.м., дотсент Зариф Юсупов дар мавзуи “Рушди энергияи сабз ва афзалиятҳои истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон” доир ба зарурат ва имкониятҳои мавҷудаи истифодабарии энергияи офтобӣ, самаранокӣ ва муаммоҳои истифодабарии панелҳои офтобӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ намуд.
Сардори хадамоти истеҳсолӣ-техникии ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон Обиддин Ваҳҳобов дар мавзуи “Рушди электроэнергетика ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ” баромад намуда, доир ба самт ва омилҳои рушди электроэнергетика дар кишвар, аз ҷумла доир ба натиҷаи таҷдиди НБО Қайроқум маълумот пешниҳод намуд.
Конференсия кори худро дар бахшҳо идома дод ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ баррасӣ карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО