• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2025
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Шуъбаи таълим
Шуъбаи таълим

Мудир: номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ ва автоматика Исломов Илёсхоҷа Икромхоҷаевич

Маълумот барои тамос:

Почтаи электронӣ: talim-polytech@mail.ru

Суроға: шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ 226, бинои раёсат, утоқи 204

Аз таърихи шуъба/марказ

Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад.

Мутобиқи “Сохтори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд”, ки аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, шуъбаи таълим қисми сохтории ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ буда, вазифаи асосии он банақшагирӣ, ташкил ва назорати раванди таълим дар зинаи бакалавриат мебошад. 

Шуъбаи таълим дар асоси якҷояшавии ду филиалҳо: Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2010 таъсис дода шудааст.

Сохтор ва ҷадвали штатии шуъбаи таълимро директори донишкада муайян намуда, тасдиқ менамояд. Мудири шуъбаи таълим бо фармоиши директори донишкада дар асоси пешниҳоди муовини директор оид ба таълим таъин карда мешавад.

Мудири шуъбаи таълим ба муовини директор оид ба таълим тобеъ буда, бевосита корҳои банақшагирии раванди таълимро дар зинаи бакалавриат ҳам шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ таъмин менамояд.

Ташкил ва назорати раванди таълими таҳсили рӯзона ба шуъба ва аз сабаби мавҷуд будани маркази таҳсилоти фосилавӣ назоратро дар таҳсили фосилавӣ худи марказ мебарад. (ҳавола ба суроғаи зерин дода шавад: http://polytech.tj/markazu-shubaho/markazi-tahsiloti-fosilavi). Дар ҳолати зарурӣ оид ба масъалаҳои бо таълим вобастаи зинаи магистратура бо шуъбаи илм ва инноватсия ҳамкорӣ мекунад. (ҳавола ба суроғаи зерин дода шавад: http://polytech.tj/markazu-shubaho/shubai-ilm-va-inovatsiya).

Шуъбаи таълим муҳимтарин сохтори донишкада буда, танзими раванди таълим, омодасозии нақшаҳои таълимро мувофиқи стандартҳои давлатӣ, назорати раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим, ҳисобҳои сарбории устодон ва назорати иҷроиши онҳоро ба ӯҳда дорад. Шуъбаи таълимро устодони варзида ва кордон дар тӯли солҳои фаъолияташон роҳбарӣ намудаанд:

­  Гуломнабиев С. Г. – н.и.ф-м. омӯзгори калон, солҳои 2010-2012;

­  Ҳоҷиев А. А. – н.и.т., дотсент, солҳои 2012-2016;

­  Қаландаров Ҳ. У. – н.и.т., омӯзгори калон, солҳои 2016-2017;

­  Бобокалонов Ф.М. – н.и.к., омӯзгори калон, солҳои 2017-2023.

Аз моҳи августи соли 2023 роҳбарии шуъбаи таълимро н.и.т., омӯзгори калон, Исломов Илёсхоҷа Икромхоҷаевич ба ӯҳда доранд. Раванди таълим дар донишкада тибқи стандартҳои нави давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълими аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти асосии шуъба/марказ

Шуъбаи таълим омили ташкилкунанда, танзимкунанда ва таҳлилкунандаи ҷараёни таҳсил дар донишкада ба ҳисоб меравад. Пиёда кардани талаботи стандартҳои таълимии давлатӣ, риояи иҷроиши талаботи нақшаҳои таълим ва амалишавии барномаҳои таълимиро ташкил ва натиҷабардорӣ менамояд. Инчунин ташкилу танзими дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таҳсил ва раванди таълим дар миқёси донишкада, истифода ва дуруст ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот, тибқи дастовардҳои муосири тарзу усулҳои таълим, техникаю технология, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои самти таълим байни муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷиро тақозо мекунад, ки дар сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шуъбаи таълим ҳамчун маҳзани ҷараёни таҳсилоту раванди таълим пурсамар фаъолият намояд. 

Шуъбаи таълим дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, Оинномаи донишкада ва Низомномаи шуъба фаъолият менамояд. Яке аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии шуъбаи таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишкада бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд. Инчунин диққати асосӣ ба такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ оиди пурра ворид гардидан ба низоми кредитии таҳсилот нигаронида шудааст. 

Сохтор ва ҷадвали штатии шуъбаи таълимро директори донишкада муайян намуда, тасдиқ менамоянд. Сохтори асосии шуъбаи таълим бевосита аз мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассис иборат аст. Дар якҷоягӣ тамоми кормандони шуъба вазифа ва ӯҳдадориҳои худро доранд.

Шуъбаи таълим дар якҷоягӣ бо қисмҳои сохтории дигари донишкада чунин вазифаҳоро барои таъмин намудани раванди таълими зинаи бакалавриат иҷро менамояд:

1. Дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ ва деканатҳо тибқи зарурият гурӯҳҳои корӣ оид ба омӯхтани стандартҳои давлатии навро таъсис дода коркарди стандартҳои навро бо назардошти  тақозои замон нисбати ихтисосҳо таъмин менамояд;

2. Дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ гурӯҳҳои корӣ оид ба баррасии нақшаҳои таълимро таъсис дода, коркарди нақшаҳои таълимро барои ҳамаи равияҳо ва ихтисосҳои ДПДТТХ дар асоси стандартҳои давлатии нав таъмин менамояд;

3. Дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ бо ёрии СИИД нақшаи таҳсили корӣ барои соли таҳсили навбатӣ дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ), таҳсилоти дуюм, аз рӯи ихтисосҳои мавҷудбуда мувофиқи нақшаҳои таълим аниқ мекунад;

4. Дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ бо ёрии СИИД аз рӯи нақшаҳои таҳсили кории аниқшуда нақшаи инфиродии донишҷӯёнро барои интихоби фанҳои интихобӣ муайян мекунад;

5. Дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ, эдвайзерон, муовинони декан оид ба таълим бо ёрии СИИД ташкил ва назорат кардани нақшаи инфиродии донишҷӯён барои гузаронидани интихоб ва гурӯҳбандии фанҳои интихобӣ дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона, фосилавӣ), таҳсилоти дуюм; 

6. Дар якчоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ ва Маркази технологияи компютерӣ ва таъмини фаъолияти системаи иттилоотӣ нақшаҳои таълими кориро аз рӯи ҳамаи равияҳо ва ихтисосҳои донишкада дар асоси нақшаҳои таълимӣ тартиб медихад, инчунин аниқкунии меъёрҳои муайянкунии сарбории таълим дар ҳолати зарурӣ пешниҳод мекунад;

7. Омодакунии сарбории асосӣ ва соатбайи пешакии кафедраҳои аз рӯи нақшаҳои таълими кории тасдиқшуда ва гурӯҳҳои академии муайяншудаи соли таҳсил  дар зинаи бакалавриат;

8. Тақвими академӣ, ки раванди таълимро барои ҳар нимсола муайян мекунад барои соли таҳсили ҷорӣ тартиб дода дар давоми сол иҷрои онро назорат мекунад. Дар ҳолати зарурӣ барои ворид кардани тағйиротҳо ба ҷадвали раванди таълим пешниҳодҳо тайёр мекунад;

9. Барои ворид кардани тағйиротҳо ба тартибу қоидаҳои муйянкунии сарбории омӯзгорон дар доираи салоҳияти худ тибқи зарурият пешниҳодҳо тайер менамояд;

10. Ҳаҷми сарбории таълими аз тарафи кафедра тартиб додашударо дида баромада ба тартибу қоидаҳои муйянкунии сарбории омӯзгорон мувофиқ будани онро назорат менамояд;

11. Иҷрои нақшаҳои инфиродии омӯзгоронро дар доираи салоҳияти худ назорат менамояд;

12. Коркарди санадҳои меъёриро, ки дар асоси онҳо ҳачми сарбориҳои таълимӣ ва намудҳои дигари кори ҳайати профессорону омузгорон муайян карда мешавад, таъмин менамояд;

13. Рафти иҷроиши раванди таълим, банақшагирӣ ва иҷрои сарбории таълими хайати профессорону омӯзгоронро назорат менамояд;

14. Ба нақшагирӣ ва мавриди истифода қарор додани масоҳатҳои таълимиро зери назорат гирифта барои оқилона истифода бурдани  фонди  аудиторӣ пешниҳодҳо тайер мекунад;

15. Натиҷаҳои ҳамаи намуди назорати азхудкуниро (ба мисоли рейтингҳо ва имтиҳони ниҳоӣ) дар давоми семестрро коркард ва таҳлил менамояд;

16. Барои ташкил додани раванди таълим ва низоми  банақшагирии он пешниҳодҳо тайёр менамояд;

17. Кори комиссияҳои атестатсионии хатмро бо ҳамроҳии кафедраҳои тахассусӣ ташкил карда, назорат мекунад;

18. Баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди таълим ва сифати тайёр намудани мутахассисон таҷрибаҳои пешқадамро бо ҳамроҳии шуъбаи методӣ ва таъмини сифат омӯхта, коркард менамояд ва барои татбиқи онҳо ба раванди таълим пешниҳодҳо тайёр менамояд;

19. Қайд ва ҳисоботи донишкадаро аз рӯйи масъалаҳои таълим мебарад;

20. Барои назорати иҷрошавии ҷадвали дарсӣ аз тарафи устодон ва тибқи силлабусҳо гузарондани дарсҳо рейдҳо ташкил карда, аз рӯйи натиҷаҳои он гузориш тайер мекунад;

21. Раванди баҳогузаронии ҳаррӯзаро назорат карда, барои таъмини саривақтии он чораҳои зарурӣ меандешад ва пешниҳодҳо тайер мекунад;

22. Барои ташкил ва назорати мунтазами иҷрошавии қарорҳои Шурои олимон, ки ба раванди таълим марбутанд, чораҳои зарурӣ меандешад;

23. Нақшаи дурнамои донишкадаро нисбати раванди таълим таҳия менамояд ва ба шурои олимон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод менамояд;

24. Барои беҳтар кардани банакшагирӣ ва ташкили раванди таълим пешниҳодҳо ва тавсияҳо тайёр менамояд;

25. Дар вақти муайяншуда ва тибқи талабот пешниҳод шудани номгӯйи корҳои курсӣ ва дипломии кафедраҳо ва тасдиқи онҳо аз тарафи деканро назорат мекунад;

26. Дар якҷоягӣ бо маркази бақайдгирӣ ва деканони факултет дар муайянкунӣ идрорпулӣ ба донишҷӯенро бо деканҳои факултет ҳал карда пешниҳод тайёр менамояд;

27. Саривақт таҳия ва муҳокима шудани ҳисоботҳои нимсола ва солонаи кафедраҳо ва факултетҳоро назорат мекунад;

28. Лоиҳаи фармоишҳоро оид ба беҳтар кардани раванди таълим ва масъалаҳои ба таълим вобастаро тайёр мекунад;

29. Маводҳои зарурӣ оид ба таълимро, ки аз тарафи дигар сохторҳо пешниҳод шудаанд, барои баррасӣ дар шурои олимон тайер мекунад;

30. Риояи интизоми меҳнат нисбати раванди таълим аз тарафи устодонро назорат мекунад.

Кормандони асосӣ

сармутахассиси шуъбаи таълим – Насулоев Усмонхӯҷа Умархӯҷаевич

  • дар тартиб додани ҷадвали раванди таълим иштирок менамояд;
  • дар тартиб додани чораҳои зарурӣ оид ба ташкили раванди таълим иштирок менамояд;
  • ташкили корҳои таълимиро дар факултетҳо тафтиш менамояд;
  • амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯёнро берун аз дарсҳо назорат мекунад;
  • дар тайёр намудан ва гузаронидани ҷаласаҳои ташкилӣ, ҷорӣ ва ҳатмӣ бо донишҷӯён ва устодон иштирок менамояд;
  • дар тафтиши кафедраҳо ва деканатҳо оид ба корҳои таълимӣ иштирок менамояд;
  • дар масъалаҳои тафтишоти кафедра оид ба тайёрӣ барои соли хониши нав иштирок менамояд;
  • дар ҷамъбаст ва ташкил намудани натиҷаҳои сессияи имтиҳонот иштирок менамояд;
  • мавҷудият ва азнавкоркарди нақшаҳои таълими корӣ ва барномаҳо дар кафедраҳоро назорат менамояд;
  • дар банақшагирӣ ва назорати истифодабарии синфхонаҳои таълимӣ ва беҳтарнамоии таҷҳизоти техникӣ ва истифодаи варақаҳо, журналҳо ва дигар хуҷҷатҳои таълимӣ иштирок менамояд;
  • ­  дар назоратҳо оид ба иҷроиши директивҳо, фармонҳо, фармоишҳо, низомномаҳо ва дастурҳои ташкилотҳои болоӣ, карорҳои шуро ва директор нисбати ташкил ва гузаронидани раванди таълим иштирок менамояд;
  • оид ба корҳои иҷрокардашуда дар соли гузашта ҳисобот тартиб медиҳад;
  • супоришоти мудири шуъбаи таълимро иҷро мекунад;
  • ҳисобот бо шакли 3 ва 5-нк ва дигар шаклҳои омории бо раванди таълим вобаста бударо тартиб медиҳад;
  • барои ҳуҷҷатҳои зарурӣ фармоиш тартиб медиҳад ва онро ба кафедра ва деканат тақсим мекунад.

мутахассиси шуъбаи таълим – Қодирова Гулчеҳрахон Сатторовна

  • дар тартиб додани чораҳои зарурӣ оид ба ташкили раванди таълим иштирок менамояд;
  • ташкили корҳои таълимиро дар факултетҳо тафтиш менамояд;
  • амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯёнро берун аз дарсҳо назорат мекунад;
  • дар тафтиши кафедраҳо ва деканатҳо оид ба корҳои таълимӣ иштирок менамояд;
  • дар масъалаҳои тафтишоти кафедра оид ба тайёрӣ барои соли хониши нав иштирок менамояд;
  • дар банақшагирӣ ва назорати истифодабарии синфхонаҳои таълимӣ ва беҳтарнамоии таҷҳизоти техникӣ ва истифодаи варақаҳо, журналҳо ва дигар хуҷҷатҳои таълимӣ иштирок менамояд;
  • даромад ва истифодаи варақаҳо, журналҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро қайд менамояд;
  • дар назоратҳо оид ба иҷроиши директивҳо, фармонҳо, фармоишҳо, низомномаҳо ва дастурҳои ташкилотҳои болоӣ, карорҳои шуро ва директор нисбати ташкил ва гузаронидани раванди таълим иштирок менамояд;
  • оид ба корҳои иҷрокардашуда дар соли гузашта ҳисобот тартиб медиҳад;
  • супоришоти мудири шуъбаи таълимро иҷро мекунад;
  • ҳисобот бо шакли 3 ва 5-нк ва дигар шаклҳои омории бо раванди таълим вобаста бударо тартиб медиҳад.


: 694

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 25.12.2025
ОЗМУНИ «ТЕХНОЛОГИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2025» БАРГУЗОР ШУД
ОЗМУНИ «ТЕХНОЛОГИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2025» БАРГУЗОР ШУД
  • 23.12.2025
ПАЁМ: ИҚТИСОДИ САБЗ-АСОСИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМ: ИҚТИСОДИ САБЗ-АСОСИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены