ИФТИХОРИ МО: ҚАДРШИНОСИИ ТИМИ БАСКЕТБОЛИ ДОНИШКАДА
Дар доираи баргузории маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол ва баскетбол баргузор гардид. Мусобиқаҳои мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ дар соли 2025 роҳандозӣ шуда, ҳадафи онҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқа тими бонувони баскетболбози донишкада байни муассисаҳои олии вилоят фаъолона иштирок намуда, мақоми аввалро соҳиб гардида буд.
Қадршиносии ғолибон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода ба амал оварда шуд.
Ба дастаҳои беҳтарин, аз ҷумла ба тими бонувони баскетболбози донишкада диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо дар таҳкими дӯстӣ, ваҳдат ва руҳияи ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО