ДАРСИ ИСТЕҲСОЛӢ: ШИНОСОӢ БО СОХТИ ТАҚСИМОТИ ЗЕРИСТГОҲ
Дар зеристгоҳи "Хуҷанд-220/110/10 кВ"-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии устоди донишкада Дадохон Ҷӯраев барои донишҷӯёни соли сеюм дарси истеҳсолӣ гузаронида шуд.
Машғулият дар мавзуъи “Шиносоӣ бо сохти тақсимотии зеристгоҳ” аз фанни “Зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи трансформаторӣ” гузаронида шуда, донишҷӯён бо раванди қабул ва тақсимоти барқ тариқи ин зериистгоҳ аз наздик шинос шуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Таъкид шуд, ки энергетика ин соҳаи ҷудонашавандаи истеҳсолот ба шумор рафта, бидуни он ҷаҳони имрӯзаро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро тамоми дастгоҳҳою лавозимоти ҳозиразамонро бе истифода аз нерӯи барқ тасаввур нокарданист. Тамоми пешрафти ҳар як мамлакат ба энергияи электрикӣ алоқамандии зич дорад. Бинобар ин энергияи электрикиро ба ҳар роҳу воситае,ки набошад истеҳсол менамоянд.Тоҷикистони азизи мо низ ба қатори дигар мамлакатҳои истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” яке аз ҷойҳои номёнро ишғол менамояд.
Айни ҳол дар кишвар 98 %-и нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида , аз рӯи истеҳсоли “энергияи сабз” ҳаштум кишвари пешсафи сайёра ба шумор меравад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО