ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Имрӯз, 31 январи соли 2026 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Дар қабули сайёр хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок намуда, доир ба интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, таъмини мактабҳо бо мизу курсӣ, , идомаи таҳсил ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф муроҷиату пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Зимни баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои мавҷуда дар муҳлати муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон