• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҲАМОИШИ ИЛМӢ: САДА РАМЗИ ПИРӮЗИИ ГАРМИЮ НУР БАР САРДӢ...
ҲАМОИШИ ИЛМӢ: САДА РАМЗИ ПИРӮЗИИ ГАРМИЮ НУР БАР САРДӢ...
ҲАМОИШИ ИЛМӢ: САДА РАМЗИ ПИРӮЗИИ ГАРМИЮ НУР БАР САРДӢ...

Дар донишкада бахшида ба ҷашни Сада ҳамоши илмӣ таҳти унвони “Сада рамзи пирӯзии гармию нур бар сардӣ” баргузор шуд.
Дар ҳамоиш муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фарҳод Маҳмудӣ, мушовири директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов, муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода, директори институти чорводорӣ дар вилояти Суғд Мадазим Қосимов, декани факултети муҳандисӣ-технологӣ Насимҷон Камолов, мудири кафедраи агротехнология ва экологияи саноат Наим Рашидов иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ҷашни миллиамон, ки дар чор фасли сол бо расму ойинҳои ба худ хос таҷлил карда мешаванд, на танҳо эҳёву оммавӣ гардидаанд, балки тадриҷан дар миқёси олам низ нуфузу эътироф пайдо мекунанд. Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад. Ҷашни Сада аз айёми бостон то имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст. Моҳият ва асли ҷашни Сада пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадиро ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад.
Зикр шуд, ки Таҷлили ҷашни Сада барои миллати тоҷик ва дар Тоҷикистони муосир вижагириҳои хоси худро дорад. Аз ҷумла:
- ҳамчун арзиши фарҳанги кишоварзӣ ба мардум омодагӣ ба оғози корҳоро дар фасли баҳор - фасли зиндашавии табиат ҳушдор медиҳад;
- моҳияти ҷомеасозӣ, муттаҳиднамоии мардумро дошта, диди некбинона ва садоқат ба инсон, замину меҳнатро ифода мекунад, ки маҳз чунин тамоюлгирии он давоми қарнҳо барои бақои он нақши муассир гузошт;
- мардумро ҳушдор медиҳад, ки асбобу воситаҳои техникӣ, иншооти обтаъминкуниро, ки барои коркарди замин ва омода кардани он ба кишт, сари вақт обёрӣ кардан ниёз доранд, таъмир карда, дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд ва навъҳои тухмиҳоро аз санҷиш гузаронида, дар ҷойи мусоид барои кишту кор захира намоянд. Инчунин ҷӯйбору рӯдҳоро тоза карда, ба ҳолати истифода мусоид гардонанд;
- агар ҷашни Наврӯз аз фарорасии фасли баҳор мужда диҳад ва Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат ва ранҷ парваришкардаи деҳқон бошад, пас Сада омодагии ҷиддӣ ба оғози корҳои баҳорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин ҷашнҳои миллӣ монанд ба ҳалқаи занҷира аст, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан нашояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш маҳсули эҷоди донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-технологӣ бахшида ба ҷашни Сада ба намоиш гузошта шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 2707

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 02.10.2026
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
  • 02.10.2026
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 27.06.2026
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены