Дарси навбатии захираи кадрии ҲХДТ оид ба маҳорати роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дарси навбатии захираи кадрии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба маҳорати роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ бо иштироки номзади илмҳои иқтисодӣ Муминова Шаҳозодахон Назирӣ баргузор гардид.
Машғулият дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки шунавандагони захираи кадрӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуд.
Зимни дарс масъалаҳои муҳими роҳбарии муосир, усулҳои ташкили самараноки фаъолияти дастаҷамъӣ, қабули қарорҳои идоракунӣ, банақшагирии дуруст, рушди малакаҳои шахсии роҳбар ва баланд бардоштани масъулияту интизоми меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Лектор бо такя ба таҷрибаи амалӣ ва назариявии худ мисолҳои мушаххас пешниҳод намуда, роҳҳои татбиқи самараноки онҳо дар фаъолияти рӯзмарраи роҳбаронро шарҳ дод.
Дар ҷараёни машғулият мубодилаи фаъоли афкор сурат гирифта, шунавандагон вобаста ба мавзуъ саволҳо пешниҳод намуда, аз посухҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ бархурдор гардиданд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин дарсҳо барои омода намудани кадрҳои ҷавону болаёқат, такмили дониш ва малакаҳои касбӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги роҳбарии захираи кадрии ҳизб аҳамияти муҳим дорад.