Дарси соати дуюми захираи кадрӣ: технология ва зеҳни сунъӣ — қадам ба сӯи ояндаи рақамӣ
Имрӯз соати дуюми машғулияти захираи кадрии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устод Низомидинов Аҳлидин, дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ, дар мавзуи «Технология ва зеҳни сунъӣ — қадам ба сӯи ояндаи рақамӣ» баргузор гардид.
Дарси мазкур дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки шунавандагони захираи кадрӣ дар сатҳи баланди илмӣ-амалӣ доир шуд.
Зимни машғулият мафҳумҳои асосии зеҳни сунъӣ, равандҳои рақамикунонӣ, таъсири технологияҳои муосир ба иқтисод, идоракунӣ ва фаъолияти ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Устод бо мисолҳои воқеӣ нишон дод, ки чӣ гуна истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад самаранокии идоракунӣ, суръати қабули қарорҳо ва сифати хизматрасониҳоро беҳтар намояд.
Ҳамчунин ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди кадрҳои муосир, мутобиқшавӣ ба бозори меҳнати рақамӣ ва омодасозии роҳбарони оянда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми дарс мубодилаи афкор ва бахши саволу ҷавоб баргузор гардида, шунавандагон вобаста ба мавзуъ саволҳо пешниҳод намуда, аз посухҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ баҳра бардоштанд. Қайд гардид, ки баргузории чунин машғулиятҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва омодагии касбии захираи кадрӣ аҳамияти калон дорад.