НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОНИШКАДА БО 114 АДАД КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ТАШКИЛОТУ ИДОРАҲО ҲАМКОРИРО БА РОҲ МОНДААСТ
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Директори донишкада доир ба ҷанбаҳои фаъолият дар соли 2025 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки муассисаи таълимӣ фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф, Қарорҳои ҳайати мушовараи Вазоратим маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Стратегияи рушди донишкада то соли 2030 равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтори Донишкада 4 факултет, 14 кафедра, 12 шуъба ва литсейи донишкада амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 148 синфхонаи таълимӣ, 48 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 15 синфхонаи компютерӣ, 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 парки технологӣ, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона, хобгоҳ ва маркази таълимии омӯзишӣ мавҷуд аст.
Таъкид шуд, ки нақшаи Стратегии рушди донишкада аз соли 2019 ва бо таҷдиди соли 2023 дар донишкада амалӣ мегардад. Ин нақшаи пайдарпай дастоварии нишондиҳандаҳои стратегии рушд ва номгӯи чорабиниҳо барои ба ин нишондиҳандаҳо расидан буда, номгӯи нишондиҳандаҳои стратегӣ ба амалигардонии рисолати донишкада, ҳадафи стратегӣ ва вазифаҳои рушд такя мекунад.
Моҳи сентябри соли 2025 дар донишкада Стратегияи нави рушд барои солҳои 2026-2030 қабул карда шуд, ки самтҳои асосии онро такмили низоми идоракунӣ, рақамикунонии фаъолият, тақвияти иқтидори кадрӣ, такмили сиёсати академӣ ва таҳсилотӣ, рушди тадқиқоти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти тарбиявӣ ва рушди иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо бозори меҳнат, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва рушди инфрасохтор ташкил медиҳад.
Хурсанд Содиқзода гуфт, ки дар донишкада Маркази рушди касбият вобаста ба талаботи дохилӣ омода намудани мутахассисони касбӣ, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бо корхонаю ташкилоти саноатӣ, нигаҳдории тандурустӣ, кишоварзӣ, савдо, хизматрасонӣ ва сайёҳии вилоят амал мекунад ва як қатор шарномаҳои ҳамкориро дар самти таҷрибаомӯзӣ ба тавсиб расонидааст. Барои самаранок ва пурра таъмин намудани донишҷӯён бо объектҳои таҷрибаомӯзӣ айни замон бо 114 корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва шахсӣ, инчунин ташкилоту идораҳо шартномаҳои ҳамкории дутарафа баста шудааст. Дар соли 2025 шартномаҳои ҳамкорӣ бо 63 адад ташкилоту корхонаҳо дар муҳлати зиёда аз се сол баста шудаанд ва дар истеҳсолот аз рӯи 17 филиалҳои кафедра амал намуда, аз онҳо бо 5 филиалҳо соли 2025 шартнома баста шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 озмоишгоҳи замонавӣ ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда бо кумаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи физика ва бо дастгирии соҳибкорони соҳаи сохтмон озмоишгоҳи сохтмон бо технологияҳои муосири замонавӣ ҷиҳозонида шуда, ба истифода дода шуд. Илова бар ин барои донишҷӯёни ихтисоси меъморӣ як синфхонаи калони барҳаво таъсис дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 3 конференсияҳои байналмилалӣ, зиёда аз 10 конференсияҳои сатҳи вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор гардид. Ғайр аз ин, зиёда аз 10 конференсия ва ҳамоишҳои илмии сатҳи гуногун дар доираи нақша чорабиниҳои Донишкада баргузор карда шуд.
Дар давоми соли 2025 6 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро бо муваффақият ҳимоя намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 миқдори ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ (PhD) ба 4 адад зиёд мебошад.
Соли 2025 5 нафар омӯзгорон унвонҳои илмии дотсентиро аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварданд.
Соли ҷорӣ дар донишкада 5 ихтисоси нав (1-370110 - Автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ, 1-440103 - Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан, 1-1901010202 - Дизайни дохили бино (интерйер), 1-250111 - Аудит ва ревизия, 1-250108 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ) барои зинаи бакалавриат шакли таҳсили рӯзона, 1 ихтисос (аз рӯйи ихтисоси 1-69010102 - Меъмории биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ) барои зинаи магистратура ва барои 10 ихтисос (1-700201 - Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, 1-500102 - Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, 1-400101 - Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, 1-490102 - Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот, 1-740206 - Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ (аз рӯйи самтҳо), 1-910101 - Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ, 1-440103 - Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан, 1-250111 - Аудит ва ревизия, 1-250108 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит) дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ таъсис дода шуд.
Директори донишкада вобаста ба самти тарбиявӣ маълумоти муфассал дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар донишкада дар баробари корҳои таълимиву илмӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ диққат ва аҳамияти махсус дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, таъкид карданд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ диққати ҷиддӣ равона карда шавад. Аз ин рӯ, раёсати донишкада ва шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фаъолияти худро оид ба тайёр намудани мутахассисони ватанпарвар ва баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир равона намуда аст.
Ҳамасола шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани чорабиниҳои муҳими давлатӣ, санаҳои таърихиву сиёсӣ ва идҳои миллӣ тадбирҳои судманд андешида, бо ҷалби васеи устодону донишҷӯён амалинамоии онҳоро роҳандозӣ менамояд. Ҳамзамон шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон ширкати фаъоли устодон донишҷӯёнро дар чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ таъмин менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар умум дар донишкада беш аз 70 вохӯриву чорабиниҳои гуногунмазмун ташкил ва баргузор гардид. Омӯзгорону донишҷӯёни донишкада дар зиёда аз 100 адад чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, роҳпаймоӣ, ҳамоиш, аксияҳои тарғиботӣ, барномаҳои радиову телевизион, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ширкат варзида, фаъолнокӣ зоҳир намуданд.
Дар қисмати саволу ҷавоб, аз ҷониби рӯзноманигорон: Мирзоаъзам Мақсудов, Нӯъмон Раҷабзода, Назокат Юсупова, Робия Розиқова, Чаманоро Абдуллоева, Мавзуна Ниёзова, Мутриба Алихонзода, Афзал Босолиев, Алишер Охунов, Раънои Муҳаммад, Нодир Турсунов, Назокат Юсупова ва дигарон доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишкада, аз ҷумла таъсиси ихтисосҳои нав, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳо, таъмини ҷойи кор ба хатмкунандагон, дастгирии ятимон ва қишри осебпазири ҷомеа, ҷалби донишҷӯёни хориҷа ба донишкада, амалишавии Стратегияи рушди донишкада, лоиҳаҳои байналхалқӣ ва ғайраҳо саволҳо манзур гардида, аз ҷониби директори донишкада Хурсанд Содиқзода ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, доктори илмҳои суханшиносӣ Тоҷибой Султонзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО