ШИНОСОИИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШКАДА АЗ РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТҲО ДАР КУРСҲОИ ТАЙЁРӢ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, таҳкими омодагии довталабон ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва арзёбии самаранокии фаъолияти бахши курсҳои тайёрӣ, роҳбарияти донишкада аз ҷараёни баргузории дарсҳо дар курсҳои тайёрӣ шиносоӣ ба амал овард.
Дар ҷараёни шиносоӣ диққати махсус ба сатҳи омодагии омӯзгорон ва сифати методикаи дарсгузаронӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим, сатҳи фаъолият ва иштироки шунавандагон дар раванди дарс, таъминоти моддӣ-техникӣ ва шароити баргузории машғулиятҳо равона карда шуд.
Дар натиҷаи шиносоӣ муайян гардид, ки машғулиятҳо дар курсҳои тайёрӣ дар сатҳи баланд ташкил шуда, муҳити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорон бо масъулиятшиносӣ фаъолият намуда, аз усулҳои гуногуни таълимӣ (кор бо гурӯҳ, машқҳои амалӣ, саволу ҷавоб, истифодаи маводҳои электронӣ) самаранок истифода мебаранд.
Бояд қайд намуд, ки бахши курсҳои тайёрии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамасола довталабонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии олӣ вобаста аз имтиҳонҳои Маркази милли тестӣ аз рӯи 3 кластер (1,2 ва 5) омода месозад. Машғулиятҳо дар курсҳои тайёрӣ аз рӯйи фанҳои забони тоҷикӣ, математика, физика, химия, биология, нақшакашӣ ва расмкашӣ, география ва забони англисӣ мутобиқи барномаҳои корӣ гузаронида мешаванд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО