Парки технологӣ
|
Мудир/Сардор: номзади илмҳои кишоварзӣ, Бобокалонов Фарҳод Маҳмудович |
Маълумот барои тамос:
Почтаи электронӣ: technopark@polytech.tj
Суроға: ш.Хуҷанд,
хиёбони Исмоили Сомонӣ 226
Сомона: (83422
6-04-54)
Аз таърихи шуъба/марказ
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) ва қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№18/29 аз 31.05.2011) бо қарори шӯои олимони Донишкада (№12 аз 23 июни соли 2012) Парки технологӣ таъсис дода шудааст.
Парки технологии ДП ДТТХ
дар асоси банди 1-уми моддаи сеюми
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010, №629 «Дар бораи Парки
технологӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, тибқи талаботи
муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии
шаҳри Хуҷанд аз 28 сентябри соли 2012 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва
инчунин, дар Нозироти андози шаҳри Хуҷанд аз 28 сентябри соли 2012 ба қайд
гирифта шудааст.
Дар Парки технологӣ директор, сармуҳосиб ва 4
кормандон фаъолият менамоянд.
Фаъолияти асосии
шуъба/марказ
Парки технологии
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.
Осимӣ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи
самараноки технологияҳои пешқадам барои
қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот ва
татбиқи лоиҳаҳои иноватсионй ташкил шуда, дар асоси талаботи Конститутсияи
(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”,
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ” ва дигар санадҳои меъёрӣ
– ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Тибқи қарори шӯрои олимони
ДПДТТ ба Парки технологӣ иҷозат дода шудааст, ки баҳри баланд бардоштани
самаранокии истифодаи таҷҳизоти кафедраҳои дахлдор, заминаи моддию техникӣ ва
молу амволи донишгоҳро ройгон истифода барад.
Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолияти худ тибқи
ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оиннома ба ҳамаи намудҳои фаъолият
дорои литсензияҳо (иҷозатномаҳо) мебошад. Аз ҷумла, барои пешбурди
фаъолияти таълимӣ аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (Т-ИФ №0003728 аз 1 июни соли 2023,
№270) гирифта шуда, курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ ташкил карда шудааст, аз
ҷумла забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, васлу насб ва таъмири таҷҳизоти
электрикӣ, тарҳрезӣ ва дӯзандагӣ, хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ, технологияи
информатсионӣ, технологияҳои истеҳсоли хӯроки омма, технологияҳои истеҳсоли
нӯшокиҳо, муҳосиби компютерӣ ва асосҳои лоиҳакашии компютерӣ.
Дарсҳои омӯзишию амалии курси кӯтоҳмуддат дар
синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ва Парки технологии Донишкада (сехҳои дӯзандагӣ,
таъмири нақлиёти автомобилӣ, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои таҷҳизоти
барқӣ) гузаронида мешаванд.
Кормандони Парки технологӣ баҳри зиёд намудани теъдоди шунавандагон ва инчунин барои соҳибкасб шудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Кормандони асосӣ
·
Директор - унвондор, омӯзгори калон, Бобокалонов Фарҳод Маҳмудович
Директори Парки технологӣ барои ба
танзимдарории ҳуҷҷатҳои парк, омода намудани мактубҳо ва маълумотномаҳо, таҳия
намудани нақшаи кории Парки технологӣ, ирсоли маълумотномаҳо ба Мақомотҳо ва Вазоратҳои
дахлдор, таҳия ва омода намудани ҳисоботи солонаи Парки технологӣ, иҷрои
супоришҳои директор масъул мебошад.
Директори Парки технологӣ ба муовини директор оид ба илм ва инноватсия ва
директори донишкада тобеъ мебошад.
Сармуҳосиб – Дадоҷонова Парвина Каримҷоновна
Сармуҳосиби ташкилот роҳбарии умумии раванди
баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро амалӣ намуда, барои таъмини иҷрои
вазифаҳои зерин уҳдадор аст:
1. Таъмини риояи қонунгузории соҳаи баҳисобгирии
муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, андоз, омор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари
танзимкунандаи соҳа;
2. Ташкил намудани пешбурди раванди баҳисобгирии
дороиҳо, уҳдадориҳо, амалиёти даромаду хароҷот ва амалиёти дигари молиявию
хоҷагидорӣ, инчунин барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибӣ, ки воқеияти
анҷомдиҳии амалиётҳоро марбут ба дороиҳо, даромад ва хароҷоти воситаҳои пулӣ
тасдиқ менамоянд;
3. Назорати истифодаи босамар ва сарфакоронаи
захираҳои молию моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, инчунин нигоҳдории молу мулки
ташкилот;
4. Ташкили пешбурди баҳисобгирии дурусти амалиёти
молиявӣ ва сари вақт пардохт намудани андозҳо, ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои
мақсадноки давлатӣ, аз ҷумла фонди суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, пардохтҳои ҳатмӣ
ба буҷет, инчунин ҳиссаҷудокуниҳои дигар ба фондҳои дахлдор;
5. Бо тартиби муқарраргардида нигоҳдории ҳуҷҷатҳои
аввалияи муҳосибӣ, ҳисоботҳо ва маълумоти зарурии дигари муҳосибӣ (аз ҷумла дар
шакли электронӣ), барасмиятдарорӣ ва ҷойгир намудани онҳо дар бойгонӣ;
6. Таъмини барӯйхатгирии ҳарсолаи молу мулк, аз
ҷумла воситаҳои асосӣ, захираҳои молию моддӣ ва уҳдадориҳо қабл аз таҳияи
ҳисоботи молиявии солона ва ҳолатҳои дигари пешбини намудаи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Ташкили нигоҳдории нусхаҳои аслии дархостҳо,
супоришномаҳои пулӣ, расидҳо ва чекҳои бонкӣ, ордерҳои даромад ва хароҷот, борхатҳо,
ҳисоб-фактураҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари аввалияи муҳосибӣ, ки тибқи санадҳои
меъёрию ҳуқуқӣ далели тасдиқкунандаи амалиёти молиявию хоҷагидорӣ, ҳисобида
мешаванд.
Сармуҳосиб бевосита ба директори Парк, муовини директор оид ба илм ва инноватсия тобеъ мебошад.
Маълумоти иловагӣ
Айни ҳол маъмурияти Парки технологӣ кӯшиш ба харҷ дода
истодааст, ки вобаста аз боқимонда номгӯйи курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, ба
монанди “Муҳосиби компютерӣ”, “Технологияи информатсионӣ”, “Технологияҳои
истеҳсоли хӯроки омма”, “Технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо”, “Забони
русӣ“,“Забони англисӣ” ва “Забони
олмонӣ” гурӯҳҳоро кушода, сатҳу сифати таълиму тадрис ва касбомӯзии
шунавандагонро боло бардорад.
Кормандони Парки
технологӣ кӯшиш ба харҷ бурда истодаанд, ки омӯзгорони беҳтарини Донишкада ва
муассисаҳои таълимии вилояти Суғдро ҷалб намуда, шунавандагонро баҳри
бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои курсҳои кӯтоҳмуддат ва гирифтани сертификат
тайёр намояд, то ки баъд аз хатми курсҳои мазкур шунавандагон соҳиби касб шуда,
ҳолати молиявӣ ва иҷтимоии худро беҳтар намоянд.