БОЗДИДИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АССОТСИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ДОНИШКАДА
Аз 18 то 20 феврали соли 2026 Комиссияи экспертии Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ оид ба аккредитатсияи таълим дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сафари корӣ қарор дошт.
Дар ҷараёни боздид комиссия дар марҳилаи аввал раванди таълим, фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, вазъи моддиву техникӣ ва ҳуҷҷатгузории марбут ба аккредитатсияи се ихтисосро мавриди баҳодиҳии мустақил қарор дод. Ҳамчунин бо донишҷӯён, устодон, хатмкунандагон ва корфармоён мусоҳибаҳои кушод баргузор гардид.
Комиссияи экспертии Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ оид ба аккредитатсияи таълим ҳамчунин ба ҶДММ “Фаровон”, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ташриф оварда, сатҳи ҳамгироии муассиса бо истеҳсолотро мусбат арзёбӣ намуд. Фаъолияти Системаи иттилоотии идоракунии донишкада низ аз ҷониби Комиссия баҳои баланд гирифт.
Сафари Комиссияи экспертии Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ оид ба аккредитатсияи таълим дар фазои созандаи ҳамкорӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он ба рушди минбаъдаи сифати таҳсилоти донишкада мусоидат хоҳад намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО