Нахуст ҳамаи Шумоёнро бо таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ки соли ҷорӣ 33 сол шуд, аз номи Раёсати донишкада самимона табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломатии бардавом ва фазои амну осоишта орзумандам.
33 сол муқаддам бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврал дар қаламрави кишвар Рўзи Артиши миллӣ эълон гардид ва аз соли 1993 миллати тоҷик афсарону аскарон, сарбозону собиқадорон ва умуман, кулли ҳомиёни ватанро бо ин санаи муборак қадрдонӣ мекунад.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.
Воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Вазифаи ҳар як ҷавонмард, ин хизмат намудан ба Давлату миллат ва ин сарзамини биҳишосо аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори волоест. Донишҷӯён бояд меҳани азизамонро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, баъди адои таҳсил, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо 33-юми солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрику таҳният менамоям!