- 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
Мудир: Бобоева
Машҳурахон Аҳматовна
Маълумот барои тамос:
Почтаи электронӣ: mashurakon_boboeva@mail.ru
Суроға: Исмоили Сомонӣ 226
Сомона: www. lib.dpdtt.tj.
АЗ ТАЪРИХИ КИТОБХОНА
Дар донишкадаи политехникӣ се китобхона мавҷуд
аст, ки онҳо соли 2010 ташкил гардидаанд. Китобхонаҳо дар факултетҳои муҳандисӣ-технологӣ,
технологияҳои рақамӣ ва дар бинои асосӣ ҷойгиранд.
Китобхонаҳо дорои толори қироат буда, бо 346 ҷойи нишаст бо 1 адад моноблок, 1
адад нодбук ва 100 адад компютери
ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд ва ҳамаи компютерҳо ба интернет,
системаи иттилоотии идоракунии донишкада (СИИД) ва китобхонаи рақамии донишкада
пайваст мебошанд. Шароит дар китобхонаҳо муҳайё буда, донишҷӯён имконияти хуби
донишомӯзиро доранд. Барои истифодабарӣ аз китобхонаи рақамӣ аз ҳаволаи lib.dpdtt.tj.
истифода мебаранд.
Дар давоми 15 соли фаъолият китобхона ба
пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки яке аз муҳимтарини он ғанӣ гардонидани
фонди китобхона мебошад. Исботи ин гуфтаҳо дар он аст, ки агар дар соли 2010
миқдори китоб 118 988 нусха бошад,
ин нишондод дар соли 2025 ба 159 276
нусха расид.
Дар китобхона мунтазам озмунҳо ҷиҳати бедор
намудани шавқи китобхонӣ дар донишҷӯён, намоиши китобҳои нав, асарҳои олимон
бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ баргузор мешавад. Масалан: “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб
аст”, “Беҳтарин хонандаи китобҳои
бадеӣ”, намоиши китобҳо бахшида ба Рӯзи китоб, Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи
Румӣ ва ғайра.
ФАЪОЛИЯТИ АСОСИИ КИТОБХОНА
Фаъолияти китобхона ба
пуррагӣ дар асоси Низомномаи китобхонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ
монда шудааст.
Фонди умумии китобхона аз 159276 нусха китобҳо (32092 номгуй) иборат буда, онро
адабиёти таълимию методӣ, илмӣ ва бадеӣ ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла:
•китобҳои таълимӣ - 114951 нусха;
•дастурҳои методӣ- 17039 нусха;
•китобҳои бадеӣ - 8532 нусха;
•китобҳои илмӣ ва дигар жанрҳо– 18754 нусха.
Теъдоди китобҳо аз рӯи
забон:
·
тоҷикӣ - 41008 нусха;
·
русӣ - 93579 нусха;
·
англисӣ – 20095 нусха;
·
дигар забонҳо - 4594 нусха.
Миқдори китобҳои
воридшуда дар 5 соли охир:
|
Cоли воридшавӣ |
Номгӯи китобҳо |
Миқдори китобҳо |
|
2021 |
420 |
2065 |
|
2022 |
66 |
1295 |
|
2023 |
219 |
850 |
|
2024 |
98 |
1392 |
|
2025 |
11 |
467 |
Хизматрасонӣ
Китобхонаи ДПДТТ
хизматрасонии гуногунро ба ҷо меорад:
·
дастрасӣ ба фонди китобхона;
· фармоиши китоб;
· толори хониш;
·
қайди абонимент;
·
дасрасӣ ба захираҳои электронӣ ва онлайн-сервисҳо тавассути китобхонаи рақамӣ;
·
ташкили ҷамъомадҳо (намоишгоҳҳо).
Китобхонаи
рақамии ДПДТТ аввалин китобхонаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,
дар он маводи таълимӣ - методӣ ва илмӣ дар форматҳои pdf, djvu, txt, chm, doc
ва ғайра ҷамъ оварда шудааст. Тавассути он ҳар як истифодабаранда имконияти
ҷустуҷӯ, фармоиш, хондан ва бо худ гирифтани китобро дорост.
Фонди умумии китобхонаи
рақамӣ айни ҳол аз 69319 адад маводи
электронӣ (китобҳо, силлабусҳо, ҳуҷҷатҳо ва ғ.) иборат мебошад. Ташрифоварии
ҳамарӯзаи истифодабарандагон низ ба система сабт мешавад ва боиси хурсандист,
ки нишондиҳандаҳои ташрифоварӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА
Дар китобхонаҳои
донишкада 6 нафар кормандон фаъолият мебаранд:
Бобоева Машҳурахон Аҳматовна - мудири китобхона. Фаъолият: Қоидаҳои ташкили фонди
китобхона, ҳифз ва баҳисобгирии захираи китобҳо, ҷорӣ намудани техника ва
технологияҳои нави замонавӣ дар кори китобхона, таҷрибаи пешқадам ва замонавии
соҳаи китобдорӣ.
Болтубоева Моҳира Муродовна - китобдори бинои
асосӣ. Фаъолият:
Китобдор
дар ташкили кори китобхона, доду гирифти китоб, ташаккул, ҳифз ва баҳисобгирии
захираи китобҳо, коркард ва нигаҳдории мунтазами фонди китобхона, барои ҷалби
хонандагон ҷорабиниҳо, намоиши китобӣ ташкил ва баргузории он вазифадор аст.
Муллоева Зӯҳро Башировна - сардори бахши
китобхонаи электронӣ. Фаъолият: Корҳои
фаҳмонидадиҳӣ нисбати кори китобхонаи рақамӣ ба донишҷӯён, тафтиш ва муайян
намудани норасоӣ ва мавҷуд набудани китобҳои тахассусии электронӣ дар фонди
китобхонаи рақамӣ, ба китобхонаи рақамӣ дохил кардани китобҳои электронӣ,
сканер намудани китобҳои шумораашон маҳдуд ва ворид намудани онҳо ба китобхонаи
рақамӣ.
Муродова Мунира Ибрагимовна - китобдори китобхонаи
факултети муҳандисӣ -технологӣ.
Фаъолият: Китобдор дар ташкили кори китобхона, доду гирифти китоб, ташаккул, ҳифз ва
баҳисобгирии захираи китобҳо, коркард ва нигаҳдории мунтазами фонди китобхона,
барои ҷалби хонандагон ҷорабиниҳо, намоиши китобӣ ташкил ва баргузории он
вазифадор аст.
Абдумаликова Шафоат
Абдуғаффоровна - китобдори китобхонаи факултети техналогияҳои
рақамӣ. Фаъолият: Китобдор дар ташкили
кори китобхона, доду гирифти китоб, ташаккул, ҳифз ва баҳисобгирии захираи
китобҳо, коркард ва нигаҳдории мунтазами фонди китобхона, барои ҷалби
хонандагон ҷорабиниҳо, намоиши китобӣ ташкил ва баргузории он вазифадор аст.
Ҳакимова Муяссар Мухторҷоновна - лаборанти китобхонаи факултети техналогияҳои рақамӣ.
Фаъолият: Лаборанти китобхона ба ҳолати компютерҳо ҷавобгар аст, дар вақти
истифодабарӣ аз компютер ба донишӯён назорат мекунад, ба китобхонаи рақамӣ китобҳои
электрониро ворид мекунад, сканер намудани китобҳои шумораашон маҳдуд ва ворид
намудани онҳо ба китобхонаи рақамӣ, корҳои фаҳмонидадиҳӣ оиди истифодабарии
китобхонаи рақамӣ ба хонандагон.