Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ва вохӯриҳои худ пайваста бобати баланд бардоштани мақоми омӯзгор таъкидҳои махсус намуда, онро ҳамчун омили муҳими рушди ояндаи ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Зеро маҳз омӯзгор аст, ки ба насли наврас асосҳои илм, фарҳанг ва арзишҳои маънавиро меомӯзонад, ва дар натиҷа шахсиятеро тарбия мекунад, ки қодир аст миллатро дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо ифтихор муаррифӣ кунад.
Беҳуда бузургон қадри омӯзгорро бо ҷумлаҳои зебо чунин баён накардаанд: “Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар”. Дар ҳақиқат ҳам дар ҷомеаи имрӯза касбӣ омӯзгорӣ яке аз касбҳои пурмасъул ба шумор меравад. Баланд шудани сатҳи тафаккур, ташаккули ақли солим ва ахлоқи ҳамидаи ҷавонон натиҷаи меҳнати фидокоронаи омӯзгорон мебошад, ки ҳамарӯза бо масъулияти баланд барои ояндаи кишвар заҳмат мекашанд.
Вобаста ба ин бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" аз 15 октябри соли 2025 қабул гардид, ки нақши калидии онро дар ҷомеа таъкид менамояд.
Конун аз шаш боб ва шонздаҳ модда иборат буда, муқаррароти умумӣ, вазъи ҳуқуқӣ, кафолатҳо, дахлнопазирии фаъолият, таълим ва ҷанбаҳои ниҳоиро дар бар мегирад.
Боби аввали он мафҳум ва принсипҳои асосиро муайян намуда, ба принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва такмили доимии ихтисос такя мекунад, ки ин барои шароити хуби меҳнат замина мегузорад.
Боби 2-юм ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва маҳдудиятҳоро муфассал шарҳ медиҳад. Моддаи 4 дахлнопазирӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор кафолат дода, дастгирии давлатро таъкид мекунад. Моддаи 5 ҳаждаҳ ҳуқуқро дар бар гирифта, ба мустақилияти касбии омӯзгор диққати махсус медиҳад. Яъне, дар доираи қонун омӯзгор ҳуқуқ дорад, мустақилона усулҳо ва намудхои таълимро интихоб кунад; технологияхои инноватсиониро истифода барад; дар ташкили раванди таълим аз ҷумла дар таҳияи барномаҳои таълими иштирок намояд; ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ машғул шавад; фаъолияти омӯзгориро ҳангоми расидан ба синни нафақа идома диҳад. Бовари дорам ин ҳуқуқҳо фаъолияти омӯзгоронро ҷолибтар мекунанд ва натиҷаҳои таъсирбахш медиҳад.
Қонун оиди уҳдадориҳои омӯзгор (Моддаи 6) аҳамияти эҳтироми шахсияти таълимгирандагонро таъкид мекунад. Омӯзгор вазифадор аст, ки хайрхоҳӣ ва адолатро зоҳир намуда, бо ҳамаи таълимгирандагон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, вазъи иҷтимоӣ ва эътиқоди динӣ муносибати беғаразона намояд. Баҳодиҳии дониш бояд объективӣ ва ростқавл бошад.
Дар боби 3-юм кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии омӯзгор мукаррар шудааст, аз ҷумла, кафолати фаъолияти озоди касбӣ; ташкили шароити зарурӣ дар деҳот, пардохти саривақтии музди меҳнат. Инчунин муқаррароти муҳими қонун манъи ҷалби омӯзгорон ба корҳои номарбут ба раванди таълим (Моддаи

мебошад. Ҳамин тариқ, таъкид карда мешавад, ки меҳнати омӯзгор бояд танҳо ба таълим ва тарбия равона карда шавад.
Боби 4-ум дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор, инчунин вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳоро муқаррар мекунад. Масалан, моддаи 11 мақомоти дахлдорро ӯҳдадор месозад, ки оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор чораҳо андешанд, барои омӯзгорон шароити муносиби корӣ, хусусан дар деҳот фароҳам намоянд ва ҳавасмандгардонии омӯзгоронро ба роҳ монанд.
Дар боби 5-ум ба масъалаҳои омодасозии омӯзгор аз ҷумала, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, инчунин ба ҳуқуқи гирифтани маълумоти дуюми олӣ аз рӯи ихтисоси педагогӣ ба таври ройгон диққати махсус дода шудааст.
Хулоса, қонун мақом ва ҳуқуқҳои омӯзгоронро ҳифз намуда, кафолатҳои иҷтимоиро таъмин мекунад ва барои рушди касбӣ мусоидат менамояд. Ҳадафи он таъмини иҷрои самараноки ӯҳдадориҳо тавассути эҳтироми ҳуқуқ ва ҳавасмандкунӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сифати фаъолияти педагогӣ мусоидат мекунад. Зеро ҳар чи қадар омӯзгор дар ҷомеа мақоми баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳад.
Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд”.
Шоира Саидова,
устоди ДПДТТ