Ба таваҷҷӯҳи довталабони муассисаҳои олии мамлакат расонида мешавад, ки санаи 6 – уми марти соли 2026 дар бинои асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад.
Дар ин рӯз Шумо метавонед, бо дастовардҳо, иқтидори илмӣ, пояи моддиву техникӣ, раванди таълим, равобити хориҷӣ ва дигар навгониҳои яке аз муассисаҳои бонуфузи мамлакат-Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шавед.
Суроғаи мо: шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ 226 (рӯ ба
рӯи меҳмонхонаи “Эҳсон”).
Оғози чорабинӣ аз соати 11:00 пешбинӣ шудааст.
Телефонҳо барои маълумот: 92 5556776, 92 9151002, 92 7526505