• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ КООПЕРАТИВИ ҒАЙРИТИҶОРАТИИ «САРОБ» ВА МАСЪУЛИНИ БАРНОМАИ ҶАҲОНИИ ОЗУҚА (WFP)
 МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ КООПЕРАТИВИ ҒАЙРИТИҶОРАТИИ «САРОБ» ВА МАСЪУЛИНИ БАРНОМАИ ҶАҲОНИИ ОЗУҚА (WFP)
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ КООПЕРАТИВИ ҒАЙРИТИҶОРАТИИ «САРОБ» ВА МАСЪУЛИНИ БАРНОМАИ ҶАҲОНИИ ОЗУҚА (WFP)

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти донишкада бо намояндагони Кооперативи ғайритиҷоратии «Сароб» ва масъулини Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) баргузор гардид.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба имконот ва раванди таълиму тарбия маълумоти муфассал дод. Таъкид шуд, ки донишкада ҳавасманди ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни таълиму муносибатҳои ҳамгироӣ аст.
Зикр шуд, ки самтҳои асосии ҳамкориро ҷорӣ намудани технологияҳои муосир бо таваҷҷуҳ ба иқтисоди сабз ва ҳалли экологӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба бахши аграрӣ ва рушди кишоварзии рақамӣ, таъсиси пойгоҳи муштараки таълимӣ барои омӯзиши амалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбии донишҷӯён ташкил медиҳад.
Директори Кооперативи «Сароб» Муҳаммадӣ Мӯъминов ва Наргис Набиева ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа (WFP) зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои маориф, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таҳқиқоти илмӣ ва пешбурди бахши аграриро баррасӣ намуда, андешаҳояшонро баҳри муайян намудани дурнамои фаъолият баён доштанд.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамгироии илм ва тиҷорат барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди иқтидори кадрӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Сипас, ҷонибҳо меморандуми ҳамкориро ба имзо расониданд.
Таъкид шуд, ки имзои ин созишнома қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории ҷомеаи академӣ бо бахши иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ба шумор рафта, барои татбиқи инноватсияҳои устувор ва рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 45

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 09.03.2026
МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
  • 07.03.2026
АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ДОНИШКАДА
АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ДОНИШКАДА

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены