Модар, зан, бону... Ин вожаҳо дар худ оламе аз меҳру муҳаббат, садоқат ва покиро ҷой додаанд. Бесабаб нест, ки аввалин иди баҳор маҳз ба бонувон бахшида шудааст, зеро зан худ ба мисли баҳор шукуфову ҳаётбахш аст. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши зан аз доираи оила берун баромада, ба як нерӯи пуриқтидори илмиву техникӣ табдил ёфтааст.
Махсусан дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, саҳми бонувон дар рушди илмҳои дақиқ ва омода кардани кадрҳои муҳандисӣ бениҳоят бузург аст.
Дар ҷаҳон нурпошӣ ту эй зан,
Шароратбахши дилҳои ту эй зан.
Бе ту зиндагӣ мавое надорад,
Биҳишти ҳар хонадони ту эй зан.
Дар донишгоҳи мо бонувон-омӯзгорони соҳаи технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ мақоми хосса доранд. Онҳо на танҳо олимони соҳа, балки посдорони саломатии миллат мебошанд. Заҳмати ин муаллимаҳои гиромӣ дар тарбияи мутахассисони соҳаи саноати хӯрокворӣ, ки амнияти ғизоии кишварро таъмин мекунанд, беназир аст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти бонувони мо ин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар озмоишгоҳҳои муосири технологӣ мебошад. Муаллимаҳои соҳаи хӯрокворӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ (меваҷот, сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон) усулҳои нави коркардро ихтироъ кардаанд, ки арзиши биологии маҳсулотро зиёд менамоянд.
Ихтирооти онҳо дар самти истеҳсоли консерваҳои парҳезӣ, маҳсулоти қаннодии камкалория ва нӯшокиҳои витаминдор дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии "Беҳтарин ихтирооткор" сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Ин озмоишгоҳҳо ба маркази инноватсия табдил ёфтаанд, ки дар он ҷо илм ба амалия пайваст мешавад.
Давроне, ки соҳаи техникаро танҳо "кори мардона" медонистанд, гузаштааст. Имрӯз духтарони донишҷӯи мо дар самтҳои IT, меъморӣ, энергетика ва технологияҳои навин фаъолияти чашмрас доранд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла "Илм — фурӯғи маърифат", нишон медиҳад, ки ояндаи технологияи кишвар дар дасти ҷавонони болаёқат, аз ҷумла духтарони соҳибмаърифат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд: «Модар гаҳвора ва инсонро меҷунбонад, аммо бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад». Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат роҳро барои фаъолияти густурдаи занон дар тамоми ҷабҳаҳо, бахусус дар соҳаи илму техника, ҳамвор намуд.
Модарону хоҳарон, муаллимаҳои азиз ва донишҷӯдухтарони соҳибҳунар! Шумо бо сабру таҳаммул ва дониши худ ҷомеаро нур мебахшед. Бигзор баҳори умратон ҳамеша сабз ва қуллаҳои илму заҳмат бароятон дастрас бошанд.
Иди Модарон муборак, бонувони сарбаланди кишвар!
А.Муҳиддинов,
Ш.Қоидов, устодони ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд