Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими имзои шартнома байни Донишкада ва муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и ДБССТ баргузор гардид.
Шартнома аз ҷониби роҳбарияти ин муассисаҳои таълимӣ ба имзо расид.
Санади мазкур ба татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштараки таълимӣ, таълимӣ – методӣ ва илмӣ бо назардошти манфиати мутақобила ва дар доираи салоҳиятҳо равона гардида, заминаи устувор барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам меорад.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии он ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои устодони донишкада,такмили таҷрибаву маҳорати омӯзгорӣ, омӯзиш ва амалинамоии таҷрибаи пешқадами ватаниву хориҷӣ, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷорӣ намудани навовариҳо дар раванди таълим мутобиқи талаботи стандартҳои таҳсилот мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО