- 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
Таъмини донишҷӯён бо манзили зисти дорои
имконият ва шароити мусоиди донишазхудкунӣ ва дигар шароитҳои маишӣ яке аз
омилҳои асосӣ дар омода намудани мутахассисони замонавӣ ба шумор меравад.
Хобгоҳи донишкада дар
назди бинои асосии донишкада, суроғаи Исмоили Сомонӣ 228 ҷойгир аст. Хобгоҳ аз
таъмири пурра бароварда шуда, барои таъмини зиёда аз 650 нафар донишҷӯёни курсҳои 1-4 омода аст. Дар хобгоҳ
майдончаи варзишӣ барои машғул шудан ба футболи хурд мавҷуд аст.
Дар даромадгоҳи хобгоҳ
мунтазам чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти қудратӣ ва
табибон ташкил ва баргузор мегардад.
Дар хобгоҳ ҳуҷраи тиббӣ
мавҷуд буда, ҳамшираи шавқат ҳамадам барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ омода
аст.