• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
 ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Дирӯз санаи 5-уми марти соли 2026 дар толори донишкада бо фараҳу шукуҳмандӣ Рӯзи модар таҷлил карда шуд.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд. Кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додаанд. Ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоянд ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.
Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар Паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуд.
Имрӯз занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ, зикр доштаанд: “Занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд. Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад”.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз садҳо ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият карда истодаанд. Дар донишкадаи мо низ садҳо нафар духтарон таҳсили илм доранд ва дар оянда мутахасиси баркамол шуда, ба ватану миллати хеш содиқона хизмат мекунанд. Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло танҳо дар соҳаи маориф ва илми мамлакат ҳазорон нафар занону духтарон муваффақона кору фаъолият доранд. Донишомӯзии духтарон муҳимтарин манбаи рушди давлат ва неруи бузурги пешрафти ҷомеа мебошад.
Раванди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд, ки дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарону бонувони мо дар масъалаи китобхонии фарзандон, хусусан, аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд. Мо ифтихор дорем, ки духтарони тоҷик дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ ғолиб омада, парчами давлати тоҷиконро баланд мебардоранд.
Директори донишкада бонувон ва донишҷӯдухтаронро бори дигар бо ҷашни Рӯи модар муборакбод намуда, барояшон бахту иқболи нек,умри дарози бобаракат ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.
Сипас ба як қатор бонувони фаъол ифтихорномаю тӯҳфаҳои идонаи раёсати донишкада тақдим гардид.
Барномаи фарҳангии донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 55

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 09.03.2026
МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
МОДАР ФАРИШТА БУД, ВА ЛЕКИН ХАБАР НАДОШТ...
  • 07.03.2026
АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ДОНИШКАДА
АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ДОНИШКАДА

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены