Бо мақсади муаррифии дастовардҳои донишкада, шиносоӣ бо иқтидори илмӣ, пояи моддиву техникӣ, раванди таълим субҳи имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои кушод барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, литсею коллеҷҳо баргузор гардид.
Саҳни бинои асосии донишкада бо намоиши дастовардҳои илмии донишкада зеб дода шуда, устодони кафедраҳо зарурият ва муҳимияти ихтисосҳои худро барои толибилмон муаррифӣ намуданд. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз навтарин муассисаи олии кишвар мебошад, ки дар ин боргоҳи таълим ҷиҳати амалишавии чор ҳадафи стратегии мамлакат муҳандисони соҳаҳои сохтмон, меъмор, алоқа, энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва хӯрока, барномасозону иқтисодчиён, молияшиносону тарроҳон ва агротехнологҳоро омода карда мешавад.
Беш аз 600 нафар довталабон аз толорҳои лексионӣ, озмоишгоҳҳо, сехҳои истеҳсолӣ, минтақаи таълимиву таҷрибавӣ, маркази таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои лингафонӣ, майдони варзишӣ ва дигар имконоти донишкада дидан карда, бо дастовардҳои донишкада ошно гардида, шавқ ва хоҳиши идома додани таҳсилро дар донишкада иброз доштанд. Ба толибилмон махсусан самаранок истифода бурдани тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо, ҳамкории мутақобила бо ширкату коргоҳҳои ҳудуди кишвар, ташкили кафедраи сайёр ва ҳамвора илмро ба амалия татбиқ намудани устодони донишкада писанд афтод.
Бо ҳузури беш аз довталабон дар маҷлисгоҳи асосии донишкада мулоқоти озоду шаффофи роҳбарияти донишкада
Муовини директори донишкада,оид ба таълим Мазбут Холиқзода аз имконоту иқтидори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дод.
Номбурда ҷавонони даврони соҳибистиқлолро аз насли хушбахти айём дониста, таъкид дошт, ки Президенти мамлакат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати дохилии худ муаррифӣ намуда, барҳақ хулосагирӣ намуданд, ки «сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад». Қобили зикр аст, ки баёни панди мазкури воқеъбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бесабаб нест. Зеро суръати баланди рушди илму маориф, ки дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон ба чашм мерасад, хеле мутаассиркунанда мебошад.
Дар ҷаҳони имрӯз, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технология, зеҳни сунъӣ ва тарғиби фарҳангу адабиёт хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ, рушди малака ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо кардааст.
Ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз насли хушбахти айём буда, таҳти сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти дониш, ҳунар ва малакаи ҷавонон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст. Махсусан бо ташаббуси Сарвари давлат ба хотири бедор намудани шавқи ҷавонон ба илмҳои муосир солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида, иқдоми дигар дар ин самт - ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” барои ҷавонон роҳи васеи илмомӯзиро кушод. Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат буд, ки хатмкунандагони донишкада дар давоми 10 соли охир дар бонуфузтарин ширкатҳои бонкӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, саноат, сохтмон фаъолияти густурда доранд. Чорабинии имрӯза шиносоии наздик бо дастовардҳои донишкада маҳсуб шуда, орзуҳои довталабонро ба хотири интихоби дурусти касб амалӣ менамояд.
Сипас озмуни “Донишманд”, ки ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024 эълон шудани “Солҳои 2025-2030: “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор шуд ва дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокдорони аз ҷониби роҳбарияти донишкада Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Аксарияти довталабон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои донишкада ошно гардиданд таассуроти амиқ аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд омодагии худро барои супоридани ҳуҷҷат ба ин боргоҳи маърифат иброз доштанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО