Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касаба
Кумитаи муттаҳидаи
иттифоқи касабаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро барои татбиқи волоияти
қонун, ваҳдати миллӣ, эҳтироми муқаддасоти Ватан, амалӣ намудани тадбирҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
нисбати соҳаи маориф равона намуда, дар рушду нумуи Ватан ва некуаҳволии аҳли
ҷомеа ҳиссагузорӣ менамояд. Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДПДТТХ баҳри
иҷрои вазифаҳои оинномавии худ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии кормандон ва
донишҷӯён ваколатҳои худро пурсамар истифода менамояд; ҳифзи манфиатҳои
иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маишӣ ва меҳнатии ҳар як омӯзгор, корманд ва донишҷӯро дар
мадди аввал гузошта, барои ҳалли
имтиёзҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ меандешад.