Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Муҳаммад Осимӣ»
Фаъолияти кумитаи иҷроияи
ибтидоии ҲХДТ «Муҳаммад Осимӣ» дар назди кумитаи маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри
Хуҷанд аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни
баргузории Анҷуман ва маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ сарчашма гирифта,
иҷроиши талаботҳои Оинномавию Барномавии ҳизб дар сатҳи фаъолият қарор дорад.
Соли ҷорӣ ба сафи ҳизб 47 нафар аъзои нав қабул гардида, дар маҷмуъ теъдоди
аъзо ба 386 нафар расонида шуд ва дар назар аст, ки то охири сол фоизи аъзошавӣ
аз ин ҳам бештар карда шавад. Аъзоёни
ҳизб дар 5 ташкилотҳои ибтидоӣ муттаҳид гардида, бо баргузории силсилаи
чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ барои боз ҳам хубтар муаррифӣ шудани ҳизб дар
ҷомеа мусоидат мекунад.